ҲАФТ БУРҶИ ТОҶИКИСТОН
Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт рукни олам аст,
Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт пушти одам аст.
Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт шаҳзоди Худо,
Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт эҷоди Худо.
Тоҷикистон аст бо Раштони мо хуш давлате,
Тоҷикистон бе гули Раштон надорад савлате.
Тоҷикистон пурҷило аз ранги кӯҳистони хеш,
Тоҷикистон Тоҷикистон нест бе Хатлони хеш.
Тоҷикистон бо Хуҷандаш бо сару сомона аст,
Тоҷикистон бе Хуҷандаш гӯшаи вайрона аст.
Тоҷикистон бо Зарафшон аст боғи пурсамар,
Тоҷикистон бе Зарафшон зар надорад дар камар.
Тоҷикистон бо Ҳисори шодмонаш шод бод,
Бо Ҳисори шодмонаш хонаи обод бод!
Тоҷикистон Вахш дорад, Вахши ганҷафшони худ,
Тоҷикистон гӯшаи танг аст бе Вахшони худ.
Тоҷикистон бо Бадахшон марди якҷону тан аст,
Тоҷикистон бе Бадахшон хонаи беравзан аст.
Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт ризвони ман аст,
Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт ихвони ман аст!
Ширин БУНЁД,
Шоири халқии Тоҷикистон