Баргашт Чоп кардан

Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тантана дошт

Душанбе

Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тантана дошт

23-юми август дар Боғи Ирами пойтахт Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ду ҳафта идома ёфтанд, бо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ҷамъбаст гардиданд. Дар маҳфили ҷамъбаст намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти ВМКБ, аҳли фарҳанг, ҳунармандон, ҷавонон, сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Қабл аз оғози барномаи расмӣ, иштирокдорон аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид карданд. Дар ин гӯшаҳо на танҳо маҳсулоти табиию кишоварзӣ, балки як бахши муҳими фарҳанги моддии мардуми Бадахшон – либосҳои миллӣ, тоқӣ, ҷӯробҳои бадахшонӣ, намунаҳои бофандагӣ, намадрезӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои суннатӣ муаррифӣ гардиданд.

Ҳар як гӯшаи намоишгоҳ баёнгари як саҳифаи таъриху фарҳанги Бадахшон буд. Маҳсулоти дастии ҳунармандон, нақшу нигори миллӣ ва тарзи омода намудани онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ин сарзамин танҳо воситаи рӯзгор набуда, балки ҷузъи ҷудонашавандаи худшиносии миллӣ ва мероси фарҳангӣ мебошанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода зимни суханронӣ сокинону меҳмонони пойтахтро ба муносибати баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилоят самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳо дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми Бадахшон ва тамоми сокинони мамлакат аҳамияти хос доранд.

Бадахшон бо таърихи куҳан, фарҳанги рангин, забону адабиёти пурғановат, расму оин, анъанаҳои неки миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ганҷинаи фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи хосса дорад. Дар тули асрҳо мардуми кӯҳистон арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд. Имрӯз ин мероси гаронбаҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ бо мазмуну шакли нав эҳё ва рушд меёбад.

Маҳз ҳамин ҷанба дар Рӯзҳои фарҳангӣ равшан ба назар расид. Ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари намоиши маҳсулоти худ, ба меҳмонон намунаҳои ҳунарҳои суннатиро муаррифӣ карданд. Ҷавонон низ дар ин раванд фаъолона ширкат варзида, нишон доданд, ки ҳифзи мероси фарҳангӣ танҳо вазифаи насли калонсол нест, балки масъулияти ҳар як насли имрӯз ба ҳисоб меравад.

Дар доираи чорабиниҳо ноҳияҳои Дарвозу Шуғнон аввалин шуда, фарҳангу дастовардҳои худро муаррифӣ карданд. Баъдан Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ бо барномаҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва имкониятҳои сайёҳии худ ба сокинону меҳмонони пойтахт чеҳраи хоси фарҳангиву иҷтимоии худро нишон доданд.

Аз водиҳои сабзу хуррами Ванҷу Рӯшон то манзараҳои нотакрори Ишкошим, аз фарҳанги қадимаи Шуғнон то табиати баландкӯҳи Мурғоб ва фазои фарҳангии шаҳри Хоруғ – ҳар як гӯшаи Бадахшон дар ин рӯзҳо бо хусусиятҳои хоси худ муаррифӣ гардид.

Дар баробари фарҳанг, таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ба маҳсулоти кишоварзӣ ва имкониятҳои иқтисодии вилоят ҷалб шуд. Маҳсулоти кишоварзӣ, асал, меваҳои хушк, гиёҳҳои табиӣ ва дигар маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ аз иқтидори вилоят барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркард ва сайёҳӣ дарак медоданд.

Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар пойтахт танҳо як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ набуда, як майдони муҳими муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ҳунарии вилоят гардид. Ин чорабинӣ ба сокинони Душанбе имкон дод, ки Бадахшонро на танҳо бо суруду мусиқӣ, балки аз рӯйи меҳнати мардум, ҳунарҳои дастӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои он бештар бишносанд.

Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ паёми муҳиме дошт: Тоҷикистон бо тамоми гуногунрангии фарҳангиву суннатии минтақаҳои худ як сарзамини воҳид буда, мероси ҳар як гӯшаи он бахше аз ганҷинаи умумии фарҳанги миллӣ мебошад. Бадахшон бо фарҳанги куҳан, ҳунарҳои нодир ва табиати нотакрори худ дар ин ганҷина ҷойгоҳи шоиста дорад.

Ҷамъбасти чорабинӣ дар Боғи Ирам бо барномаи рангини фарҳангӣ сурат гирифта, фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарҳанги ягонаи миллиро боз ҳам тақвият бахшид. Дар маҳфили ҷамъбаст барои таваҷҷуҳи пайваста ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳифзу эҳёи фарҳангу анъанаҳои миллӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос гардид.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»