Баргашт Чоп кардан

Мо зи истиқлол давлат ёфтем

Мо зи истиқлол давлат ёфтем

Бардошт аз Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори

Кӯҳистони Бадахшон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе

 

Боғи Ирам дар ин шоми зебои Душанбе лабрези тамошобин буд. Иштирокчиён на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ буданд. Аҳли тадорукоти Рӯзҳои фарҳанги вилоят бо истифода аз фурсат бо мақсади муаррифии бештари маҳсулоту фарҳанги ғании Ватан ба хориҷиён армуғонҳои зебову арзишманде тақдим намуданд, ки ин амал ба ҳусни чорабинӣ зебоии дигар зам намуд.

Ҳуди ном духтари чинӣ, ки аз тақдими туҳфаҳо шарафёб шуд, хурсандона тоқии бадахшониро ба сар кард. Вақте аз ӯ таассуроташро дар бораи чорабинии пуршукӯҳ пурсидем, бо хушҳолӣ тоҷикӣ ҳарф зад: “Зӯр. Зебо. Офарин. Раҳмат”. Сипас, тавассути тарҷумон гуфт, ки ин чорабинии иборат аз суруду ҳунармандӣ ва ҳам намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни маҳаллӣ бароям беназир аст. Офарин ба ташаббускорону ташкилкунандагони ин маъракаи рангин. Дер боз чунин базму намоишро надида будам. Туҳфае, ки аз чорабинӣ гирифтам, бароям хотираи бузург аст. Ҳар вақте онро бубинам, ин манзараи зебову фарҳанги бузурги Тоҷикистон ба ёдам хоҳад омад.

Хан Ду Чи, марди чинӣ, ки Ҳудиро ҳамроҳӣ мекард, ба суҳбат ҳамроҳ шуда, изҳор дошт, ки бо шунидани чорабинии фарҳангӣ ва намоишгоҳ зуд ба ин ҷо омадааст. Ӯ ба ҳайси ронанда кор мекардааст ва дар рӯзи истироҳаташ Рӯзҳои фарҳанги Бадахшонро тамошо дошт. Ҳоло тасаввуроташ дар бораи фарҳангу анъанаҳои ин вилояти Тоҷикистон васеътар шудааст. Хурсанд буд, ки барояш туҳфаи хубе иборат аз ҷуробу тоқии сурхи бадахшонӣ ва маҳсулоти дигари ҳунармандӣ инъом гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён шоҳиди намоишу ҳунарнамоии ҷолибе шуданд, ки бештар аз тасаввурашон буд. Аз ҷумла, Гулрез Ҷумъаева бо набераҳояш бардошташро бисёр ҷолиб баён дошт:

– Дар аввал ман фикр кардам, ки танҳо як намоишгоҳ мешаваду халос. Аммо, вақте дар ин ҷо иштирок кардем, фикрҳоямон тамоман дигар шуданд. Хусусан, саҳнаи театрии дар бораи қаҳрамонони Тоҷикистон ба ману наберагонам таъсирбахш буд. Рақсҳои зебои бадахшонии духтарони қоматбаланду зеборух, доиразанӣ ва фалаксароӣ басо ҷаззоб буданд. Ҳамзамон, аз ғурфаҳои намоишгоҳ боздид намудем, ки боз ҳам ҷолибияти худро дошт. Наберагонам, ки дар хона чандон майли омадан надоштанд, акнун мехоҳанд, то охирин лаҳзаҳо ин ҷо бимонанд. Ин гуна рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар пойтахт иқдоми бисёр хирадмандона ҷиҳати тақвияти худшиносию гиромидошти фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик дар афкори насли нав нақши бузург мебозад. Тасаввуроти ҷавонону наврасонро дар бораи фарҳанги миллат инкишоф медиҳад.

Сабоҳат Аҳмадбекова, духтур, ҳамсуҳбати дигари мо буд, ки сари ҳар қадам ба ғурфаҳои зебои намоишгоҳ назар мекарду бо мутасаддиёни онҳо дар бораи асбоби мусиқӣ, тоқиҳо ва либосу ҷуробҳо гуфтугӯ мекард.

– Чорабинӣ барои ман ниҳоят таъсиргузор буд. Аз оғози он иштирок кардам. Моро бо доиразанӣ ва суруду рақси бадахшонӣ пешвоз гирифтанд. Пас аз ин, намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, либосу ҷуробҳои дастбоф, куртаҳои рангоранги зебои тарроҳони бадахшонӣ ва таомҳои миллиро дидам. Гӯё дар як лаҳза ба даврони кӯдакиам баргаштам. Рақсҳои бадахшонӣ, суруди дилнишини маҳаллӣ, либосҳо ва асбобу ашёи гуногуни дастсохти ин мардум худи ин гӯшаи сарзаминро пеши назар меорад. Хеле одамон базму ҳунарнамоии бошандагони ин гӯшаи Тоҷикистонро танҳо дар оинаи нилгун дидаанд. Акнун хуб шуд, ки ба василаи ташкили рӯзҳои фарҳангӣ дар пойтахт сокинону меҳмонон ин ҳамаро ба таври зинда шоҳид мешаванд. Барои чунин иқдоми беназири маънавӣ аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона сипосгузорам. Ин ташаббус, ки ҳоло намояндагони кулли шаҳру ноҳияҳои кишварро дар як макон ҷамъ овардааст, боз як қадаме барои таҳкими сарҷамъии мардуми тамоми Тоҷикистон мебошад, – гуфт Сабоҳат Аҳмадбекова.

Шоиста Азизбекова, ки дар ғурфаи сарулибоси маҳаллӣ масъули муаррифии маҳсулоти ҳунармандӣ буд, моро бо хушнудӣ истиқбол намуд.

– Бисёр иқдоми нек шуд, ки аксари сокинон дар бораи фарҳанги якдигар маълумоти бештар пайдо карданд. Масалан, ҳоло барои иштирокчиён ҳама намуди тоқию сарулибос бо хусусиятҳои маҳаллиашон пешниҳод ва муаррифӣ мешаванд. Ин ҷо айни замон маҳсулоти дастбофи 9 шаҳру ноҳияи вилоят ба намоиш гузошта шудааст, ки ҳар кадом рамз ва нақшу нигори худро дорад. Аз ҷумла, нақшҳои тоқии шуғнонӣ ё рӯшонӣ аз Ванҷу Дарвоз ва Роштқалъаю Ишкошим фарқ доранд. Куртаю ҷомаҳо ҳам ҳамин тавр аз якдигар тафовут доранд. Ба воситаи чорабинии имрӯза дар пойтахт мо тавонистем ба сокинони ҷумҳурӣ дар бораи ҳунару анъанаҳо ва маҳсулоти маҳаллӣ маълумот диҳем, – изҳор дошт Шоиста Азизбекова.

Қобили зикр аст, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими фазои ягонаи фарҳангии ҷумҳурӣ, муаррифии эҷодиёти мардумӣ ва эҳёи суннатҳои таърихии халқи тоҷик аҳамияти махсус доранд. Маҳз дар пойтахт сокинону меҳмонон имконият пайдо мекунанд, ки бо анъана, фарҳанг ва дастовардҳои гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»