ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Аз домани кӯҳистон хандида гуҳар хезад,
Бо хандаи истиқлол аз боғ шакар хезад.
Дар боғи само нағма зад булбули бахти мо,
Ҳар гул садафе бар гӯш аз субҳи саҳар хезад.
Шуд хоки Ватан зархез аз накҳати истиқлол,
Бо шохаи себи бахт аз субҳ самар хезад.
Дар пираҳани кишвар гулдӯзии ваҳдат бин,
Оҳанги табассумҳо аз бому зи дар хезад.
Аз чашми само имшаб мушки сара мерезад,
Аз шуълаи истиқлол оянда самар хезад.
Бар мардуми хуштолеъ ин ҷашн муборак бод,
Аз равзаи озодӣ гулдастаи зар хезад.
Лаълҷубаи МИРЗОҲАСАН, Шоири халқии Тоҷикистон