Таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мо қуллаҳои нави музаффариятро фатҳ хоҳем кард
Суханронии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Боғи Ирам, бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 23-юми августи соли 2026
Меҳмонони арҷманд! Ҳозирони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона, пеш аз ҳама, мехоҳам бо камоли эҳтиром ва самимияти хосса, сипоси бепоёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кулли мардуми шукргузору ватандӯсти Бадахшонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои бузургашон ҷиҳати рушду инкишофи ҳамаҷонибаи вилоят баён намоям. Ҳамчунин, ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои пайваста вобаста ба ҳалли масоили мубрами соҳаҳои гуногуни вилоят, хосса бобати муҳайё сохтани шароит ҷиҳати баргузор намудани чунин чорабинии муҳташам дар дили Ватани азиз, маркази тамаддуни муосири миллӣ, пойтахти мамлакат – Душанбешаҳри зебо, изҳори сипос менамоям.
Зимнан, бояд тазаккур дод, ки маҳз Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки мардуми Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои нек расида, ба комёбиҳои беназир дар масири бунёди давлатдории навини миллӣ ноил гарданд.
Аз ин хотир, аз самими қалб дар ин рӯзи фархунда ҳамаи шумо – ҳозирони гиромӣ ва дар симои шумо кулли ҳамватанони азизро бо фарорасии санаи барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас – 35-умин солгарди Истиқлоли Ватани маҳбубамон –Тоҷикистони азиз, табрику таҳният мегӯям!
Маҳз истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, то миллати бостонии тоҷик баъд аз марҳалаи тулонии таърихии бедавлатӣ, дар поёни асри XX, тақдири худро ба дасти худ гирад. Боиси ифтихори ҳамагонист, ки имрӯз давлату миллати тоҷик мақому манзалати сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуда, Роҳбари Олии мамлакатамон, ба симати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҳалли мушкилоти башарият бо ташаббусҳои муҳими таърихӣ баромад менамоянд.
Ҳамаи ин ва дигар муваффақиятҳоро ба инобат гирифта, Президенти Тоҷикистон, Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги истиқлолиятро барои давлату миллат чунин арзёбӣ менамоянд: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад, зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард
Ҳозирони гиромӣ!
Борҳо зикр гардида буд ва ҳоло ҳам зарур медонем, таъкид намоем, ки ВМКБ дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Пешвои мардумпарвари миллат, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дастуру ҳидоятҳои оқилона ва мушфиқонаи Ҷаноби Олӣ, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вобаста ба ҳалли масоили мубрами ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру навоҳии вилоят барномаю нақшаҳои зиёд таҳия ва амалӣ шуданд. Дар 35 соли истиқлолият, дар маҷмуъ, барои рушду инкишофи ВМКБ, бо мусоидати ҳаматарафаи давлат, аз ҳамаи сарчашмаҳо 29,8 млрд сомонӣ равона гардид.
Бо бунёди шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма ва дигар инфрасохтори зарурии соҳа шаҳру ноҳияҳои вилоят аз бунбасти коммуникатсионӣ баромаданд. Тавассути сохтмони пулу гузаргоҳҳои замонавӣ сокинони вилоят имконият пайдо намуданд, ки на танҳо бо минтақаҳои дигари Ватанамон, балки бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равобити гуногун, аз ҷумла тиҷоратиро ба роҳ монанд.
Ҳамаи дастовардҳо ва таҳкими волоияти қонуну таъмини суботи иҷтимоӣ дар вилоят имконият фароҳам оварданд, то ҳамасола теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати зебову нотакрори Бадахшонзамин дидан ба амал меоранд, ба таври назаррас зиёд мегардад.
Иштирокдорони муҳтарам!
Барои роҳбарияти вилоят ва умуман, мардуми шарафманду заҳматписанди Бадахшон боиси ифтихори бузург ва мояи сарбаландӣ аст, ки имрӯз намунаҳои беҳтарини дастовардҳои худро пешкаши сокинони шуҳратёри пойтахти маҳбубамон – гаҳвораи тамаддуни муосири тоҷик – шаҳри ҳамешабаҳору гулафшони Душанбе намуда истодаанд.
Бовар дорем, ки меҳмонони гиромӣ бо дидани дастовардҳои бадахшониёни меҳнаткашу эҷодкор дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб шинос шуда, возеҳан дарк намуданд, ки сокинони ин минтақаи кӯҳистони кишвар, дар қатори дигар ҳамватанони худ, ба чи қадар пешравию комёбиҳои бузург ноил шудаанд. Ҳамаи ин ва дигар дастовардҳои беназир маҳз натиҷаи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мусоидати Ҳукумати мамлакат ва дастгирии мардуми шарифамон мо қуллаҳои нави музаффариятро фатҳ хоҳем кард. Бо ин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – иштирокдорони арҷмандро ба муносибати Ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони саодатёр табрику таҳният намуда, ба ҳамагон рӯзгори хушу осуда, тансиҳатию комёбиҳои бештар орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот ва ваҳдати миллиамон ҷовидон бошанд ва Ватану миллати азизамон таҳти сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири бузурги созандагиву бунёдкорӣ ба комёбиҳои нав ба нав ноил гарданд!
Иди бузург муборак бошад, ҳамватанони гиромӣ!