Баргашт Чоп кардан

Занбӯриасалпарварӣ соҳаи умедбахш дар ноҳияи Рӯшон

Занбӯриасалпарварӣ соҳаи умедбахш дар ноҳияи Рӯшон

 

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯшон дар шаҳри Душанбе, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт ба асали Рӯшон зиёд гардид. Дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ асали истеҳсолкардаи занбӯриасалпарварони ноҳия бо сифату таъми хоси худ харидоронро ҷалб намуд.

Вафобек Султонбеков, зан-бӯриасалпарвар аз ноҳияи Рӯшон, ки 35 сол боз ба ин касб машғул аст, дар суҳбат бо мо чунин гуфт:

– Дар маркази ноҳияи Рӯшон барои парвариши занбӯри асал шароити мусоид мавҷуд аст. Ҷангалҳои ноҳия ва минтақаҳои дорои гиёҳҳои худрӯйи шифобахш барои занбӯриасалпарварӣ имконияти хуб фароҳам меоранд. Харидорони асал зиёданд ва ба маҳсулоти табиии кӯҳистон таваҷҷуҳи бештар доранд.

Солҳои охир барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, таваҷҷуҳи мардум ба ин касб бештар шудааст. Имрӯз талабот ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бозор меафзояд. Аз ин рӯ, асали Рӯшон метавонад дар оянда на танҳо дар бозори дохилӣ, балки ҳамчун яке аз маҳсулоти шинохтаи кӯҳистони Помир муаррифӣ шавад. То 1-уми августи соли ҷорӣ шумораи оилаи занбӯри асал дар ноҳия ба 891 расидааст, ки нисбат ба соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, рушди занбӯриасалпарварӣ дар Рӯшон метавонад ба диверсификатсияи иқтисоди деҳот, афзоиши даромади аҳолӣ ва рушди соҳибкории хурду оилавӣ мусоидат намояд. Бо истифода аз имкониятҳои табиии ноҳия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи муосир ин соҳа метавонад дар оянда ба яке аз самтҳои умедбахши кишоварзии Рӯшон табдил ёбад.

Аз таълиму тарбия то дастовардҳои нав

Дар Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯшон дастовардҳои соҳаи маориф низ муаррифӣ гардиданд. Гӯшаи Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ» яке аз бахшҳои ҷолиби намоиш буд, ки дар он имкониятҳои таълимӣ, дастовардҳои хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон инъикос ёфт.

Тавре директори Муассиса Арабгул Маҳбатшозода иброз дошт, Мактаб-интернат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дастпарварони Муассиса дар конфронси илмии «Академияи хурди илмӣ», олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Аз ҷумла, Фархунда Такадорова, хонандаи синфи 6, дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони русӣ ҷойи аввалро соҳиб шуда, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Давлат Алифбекова, Бахтибегим Юсуфшоева, Абдулло Раҷабов ва Муҳаммад Воҳидов низ дар конфронсҳои илмии ноҳиявию вилоятӣ натиҷаҳои хуб нишон доданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ хонандагону омӯзгорони Муассиса фаъолона иштирок карда, Умайро Назаршоева дар даври ноҳиявӣ ҷойи ифтихорӣ ва омӯзгор Раъно Мамадазизова ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар озмунҳои рассомӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ низ хонандагон иштироки фаъол доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Муассиса мебошад. Дастпарварони Мактаб-интернат дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» дар даври ноҳиявӣ ҷойи аввал ва дар даври вилоятӣ ҷойи дуюмро гирифтанд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намудҳои гуногуни варзиш низ хонандагон иштирок намудаанд. Аз ҷумла, Ҳамроза Амренова дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо ҷойи сеюмро ишғол кард.

Қутос – сарвати табиии Мурғоб

Дар Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Мурғоб дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи сокинон бештар ба маҳсулоти ширӣ ва гӯшт, хусусан гӯшти қутос, равона гардид.

Абулқосим Қозибеков, мудири бахши кишоварзии ноҳияи Мурғоб, изҳор дошт, ки дар ноҳия, асосан, ба рушди қутоспарварӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, аз рӯйи маълумоти оморӣ беш аз 20 ҳазор сар қутос мавҷуд мебошад. Қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва анъанавии чорводорӣ дар ноҳияи Мурғоб ба ҳисоб меравад. Шароити табиии баландкӯҳ, иқлими сарду хушк, зимистони тулонӣ ва чарогоҳҳои васеи кӯҳӣ барои парвариши қутос мусоид мебошанд.

Қутос барои сокинони Мурғоб манбаи муҳими даромад ва воситаи таъмини зиндагии оилаҳо мебошад. Аз он гӯшт, шир ва пашм истеҳсол мешавад. Илова бар ин, қутос бо қувваи ҷисмонӣ ва тобоварии худ барои ҳаракат дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ низ истифода мешавад.

Маълумоти солҳои охир нишон медиҳад, ки Мурғоб мавқеи худро ҳамчун мавзеи асосии қутоспарварии кишвар нигоҳ медорад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»