Мурғоб дарвозаи шарқии Тоҷикистон:
фарҳанг, созандагӣ ва садоқат ба Ватан
Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Мурғоб дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ баргузор гардид. Ин чорабинӣ на танҳо муаррифии фарҳангу ҳунари мардумии яке аз баландтарин ноҳияҳои кишвар, балки бозтоби дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, раванди ободониву созандагӣ ва руҳияи ватандӯстии сокинони ин гӯшаи дурдасти мамлакат буд.
Ноҳияи Мурғоб, ки бо мавқеи ҷуғрофии хос ва табиати нотакрораш ҳамчун дарвозаи шарқии Тоҷикистон маъруф аст, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи муҳим дорад. Сокинони ноҳия дар шароити душвори иқлимӣ ва баландкӯҳӣ бо меҳнати созанда ба рушди маҳал ва таҳкими иқтидори кишвар саҳм мегузоранд.
Дар суханронии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо таъкид гардид, ки ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус дар солҳои охир, ба марҳалаи нави созандагӣ ворид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат барои беҳтар гардидани инфрасохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Мурғобро метавон як минбари муҳими муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои ноҳия дар пойтахт арзёбӣ кард. Ин чорабинӣ нишон дод, ки ҳатто дар шароити баландкӯҳӣ бо татбиқи сиёсати созанда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ вуҷуд дорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Мурғоб, пеш аз ҳама, бо рангорангии фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ ҷолиб буданд. Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти маҳаллӣ, анъанаҳои миллӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии хешро ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ намуданд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Мурғоб дар Душанбе дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки фарҳанги миллӣ метавонад ҳамчун омили таҳкими худшиносӣ, ваҳдат ва эҳсоси ифтихори шаҳрвандӣ хидмат кунад. Рӯзҳои фарҳанги Мурғоб дар Душанбе, дар маҷмуъ, як паёми равшан дошт: рушди кишвар аз ҳар гӯшаи он оғоз меёбад ва ободии Мурғоб низ ҷузъи ҷудонашавандаи пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»