ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ?
Чист Истиқлол? Озодии комил доштан,
Нур андар дидаҳову шуъла дар дил доштан.
Чист Истиқлол? Андар гирумони зиндагӣ
Дасту по дар кори хайру нек моил доштан.
Чист Истиқлол? Дар оғӯши гарми ин Ватан
Хонаву дар, дудмони поку манзил доштан.
Чист Истиқлол? Марзе доштан аз хубу зишт,
Зистан пурҷӯш чун дарёву соҳил доштан.
Чист Истиқлол? Ҳамчун Носиру Мавлои Рум
Мардуми пурфазлу дониш, неку оқил доштан.
Чист Истиқлол? Ҳангоми тавоноии хеш
Дар раҳи уфтодагиҳо дасти оил доштан.
Чист Истиқлол? Чун Рустам ба ҳифзи марзу бум
Хештанро дар қатори пеш шомил доштан.
Чист Истиқлол? Аз пӯлоди ҷон кардан сипар,
Тан ба тан бинҳодан асту роҳи қотил доштан.
Чист Истиқлол? Ваҳдат доштан дар ҳифзи он,
Халқи оламро ба кори хеш қоил доштан.
Баҳри фардои дурахшони Ватанро сохтан,
Хештанро дар канори Шоҳи одил доштан.
Хушомади АЛИДОД,
раиси бахши
Бадахшонии ИНТ