Ишкошим намоиши ҳунар, таърих ва мероси кӯҳистонӣ
Дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 22-юми август дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Дар ин рӯз сокинону меҳмонони пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе, имкон пайдо карданд, ки бо таъриху фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим аз наздик шинос шаванд. Дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, либосҳои миллӣ, тоқию ҷуробҳои дастбоф, сабадҳои бофташуда, намунаҳои тоқидӯзӣ, муҳракашӣ, чӯбтарошӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби чорабинӣ фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия бо нархҳои нисбатан арзон буд. Сокинони пойтахт аз маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи пешниҳодшуда харид намуда, низ бо маҳсули заҳмати сокинони яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат ошно шуданд.
Ишкошим бо таърихи куҳан, табиати нотакрор ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ шуҳрат дорад. Дар ноҳия 103 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 26 чашмаи дармонбахш ва зиёда аз 118 намуди гиёҳи шифобахш мавҷуд аст. Қалъаҳои Қаҳқаҳа, Ямчун ва Зонг, ки таърихи беш аз сею нимҳазорсола доранд, аз ҷумлаи ёдгориҳои арзишманди ин сарзамин мебошанд. Ҷойгиршавии ноҳия дар масири таърихии "Роҳи Абрешим" ва гузаштани долони Вахон аз ин минтақа низ ба аҳамияти таърихию сайёҳии он меафзояд.
Табиати зебои Ишкошим: кӯҳҳои сарбафалак, дарёву рӯдҳо, чашмаҳои шифобахш ва обҳои маъданӣ барои рушди сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Осоишгоҳҳои Гармчашма, Авҷ, Ямчун ва Бибӣ Фотимаи Заҳро аз мавзеъҳои маъруфи табобативу сайёҳии ноҳия ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари табиат ва ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ низ дар ҳаёти сокинони Ишкошим ҷойгоҳи хос доранд. Аз ҷумла, занон ба бофтани ҷуроб, дӯхтани тоқӣ ва либосҳои миллӣ, муҳракашӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои дастӣ машғуланд. Мардон бошанд, анъанаҳои кулолгарӣ, сабадбофӣ, чӯбтарошӣ ва сохтани созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла рубоби бадахшониро идома медиҳанд.
Раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков Ойгул Бобокова зимни суҳбат таъкид намуд, ки дар ноҳия як қатор ҳунарҳое, ки бо гузашти вақт аз байн рафта буданд, аз нав эҳё шудаанд. Имрӯз намояндагони насли ҷавон бо роҳнамоии устодони соҳибтаҷриба ба омӯзиши ин ҳунарҳо ҷалб гардида, онҳоро бо талаботи замони муосир пайваста истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ намунаҳои тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, сабадбофӣ, ҷуроббофӣ, муҳракашӣ, чӯбтарошӣ, рассомӣ, қаннодӣ, нонпазӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод шуданд.
Барномаи фарҳангиву адабии аҳли ҳунари ноҳияи Ишкошим бахши дигари ҷолиби чорабинӣ буд. Сурудҳои мардумӣ, навои созҳои миллӣ, либосҳои анъанавӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги Бадахшон фазои идонаро боз ҳам рангинтар карданд. Иштирокдорон тавассути ин барнома бо як бахши фарҳанги ғании Бадахшон аз наздик ошно гардиданд.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, маҳсулоти истеҳсолии ноҳия, аз ҷумла хушкмеваҳо, маҳсулоти корхонаи «Ангет 86» ва маводи вобаста ба гиёҳҳои шифобахш, муаррифӣ гардиданд. Ҳамин тавр, чорабинӣ танҳо ба намоиши анъанаҳои фарҳангӣ маҳдуд нашуда, имкониятҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ, табобатию сайёҳии ноҳияро низ муаррифӣ намуд.
Ҷойгоҳи Душанбе дар
муаррифии фарҳанги минтақаҳо
Баргузории чунин чорабиниҳо дар пойтахт аҳамияти хос дорад. Душанбе ҳамчун маркази сиёсиву фарҳангии мамлакат барои шиносоии сокинону меҳмонон бо фарҳангу анъанаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Барои бисёре аз сокинони пойтахт сафар ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ҳамеша имконпазир нест. Аз ин рӯ, баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ишкошим дар Душанбе имкон дод, ки як «гӯшаи Ишкошим» бо ҳунар, маҳсулот, мусиқӣ, таом ва анъанаҳои худ ба пойтахт оварда шавад.
Аз ҷониби дигар, чунин чорабиниҳо барои худи ҳунармандон низ баҳри муаррифии маҳсули эҷод, пайдо кардани харидор, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани робитаҳои нав имконияти хуб фароҳам меоранд. Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ метавонад барои идомаи суннатҳои миллӣ ва рушди ҳунармандӣ заминаи устувор гузорад.
Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ишкошим дар шаҳри Душанбе як намоиши одии дастовардҳо набуда, бозгӯйи таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ, меҳнати созанда ва имкониятҳои иқтисодию сайёҳии як гӯшаи муҳими Тоҷикистон буд. Дар як фазо ба ҳам омадани ҳунармандон, кишоварзон, аҳли фарҳанг ва намояндагони ҷомеа имкон дод, ки дастовардҳои ноҳия ба доираи васеи сокинон ва меҳмонони пойтахт муаррифӣ гарданд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”