Баргашт Чоп кардан

Хотираҳои меҳмонон аз Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Душанбе

Хотираҳои меҳмонон аз

Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Душанбе

 Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ишкошим дар шаҳри Душанбе ба маҳфили шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, анъана ва маҳсулоти табиии ин гӯшаи кӯҳистони кишвар табдил ёфт. Меҳмонони намоишгоҳ аз дидани намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва маҳсулоти дастӣ таассуроти нек бардоштанд.

Зоҳир Қодиров, яке аз меҳмонони намоишгоҳ, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки онҳо бори дигар эҳсоси ягонагии миллати тоҷикро тақвият медиҳанд. Ба андешаи ӯ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам овардааст, ки сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар бо ҳам наздик шаванд ва аз урфу одат, ҳунар ва фарҳанги якдигар огоҳӣ пайдо кунанд.

Ӯ аз намоишгоҳ ҳамчун як навъ «сайри таърихӣ» ёд карда, таъкид намуд, ки гуногунрангии фарҳанги минтақаҳои Тоҷикистон аз таърихи қадима ва фарҳанги ғании миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, тоқии анъанавии водии Вахон, ки дар намоишгоҳ муаррифӣ шуда буд, барои ӯ намунаи равшани пайванди мероси миллӣ бо арзишҳои муосири давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Сангмамади Ҷаъфарӣ, сокини пойтахт, аз иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ишкошим изҳори хушнудӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳамеша кӯшиш мекунад дар чунин чорабиниҳо ширкат варзида, дар шодии ҳамватанони худ шарик шавад. Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти табиӣ ва маҳаллии Ишкошим, аз ҷумла собунҳои аз ангат омодашуда, таваҷҷуҳи ӯро ҷалб кардаанд.

– Аз собунҳое, ки аз ангат тайёр мешаванд, тули ду сол боз истифода мебарам. Онҳо хосияти шифобахшӣ дошта, рехтани мӯйи сарро бозмедоранд. Ҳатто мӯйи сафедро оҳиста-оҳиста ба ранги сиёҳ табдил медиҳанд, – афзуд Сангмамади Ҷаъфарӣ.

Ӯ истифодаи маҳсулоти табииро муҳим дониста, таъкид кард, ки шиносоӣ бо чунин маҳсулот метавонад мардумро ба истифодаи маводи табиӣ бештар ҳавасманд созад.

Зарина Мирзоева, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, аз баргузории рӯзҳои фарҳангӣ таассуроти нек гирифтааст. Ӯ зимни боздид аз намоишгоҳ, дар баробари тамошои ҳунарҳои мардумӣ, асали кӯҳӣ ва себқоқ низ харидааст.

– Рӯзҳои фарҳангӣ ба мо имкон медиҳад, ки бо фарҳанги ғании сокинони тамоми минтақаҳои кишвар аз наздик ошно шавем. Ҳангоми тамошои чунин намоишгоҳҳо ба назар мерасад, ки гӯё худамон ба ин минтақаҳо сафар мекунем, – илова кард ӯ.

Ба гуфтаи Зарина, аҳамияти чунин чорабиниҳо танҳо дар муаррифии ҳунар ва маҳсулоти маҳаллӣ маҳдуд намешавад. Онҳо барои таҳкими дӯстӣ, эҳтироми фарҳанги минтақаҳои гуногун ва боз ҳам наздиктар шудани мардум мусоидат мекунанд. Мавсуф таъкид намуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ба ҳар як сокини пойтахт имкон медиҳад, то бо мероси фарҳанги гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шавад.

Дар маҷмуъ, таассуроти меҳмонон нишон медиҳад, ки Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ишкошим на танҳо як намоиши ҳунарҳои мардумӣ, балки василаи муҳими муаррифии таърих, фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии минтақа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинони кишвар аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,