ХОНАИ БАДАХШОНӢ
Ишқро маҳак бошад,
Хилвати малак бошад,
Гӯшаи фалак бошад,
Хонаи бадахшонӣ.
Ориёипайванд аст,
Пора аз Самарқанд аст,
Нақшҳош дилбанд аст,
Хонаи бадахшонӣ.
Офтобро анбоз,
Моҳтобро ҳамроз,
Гарму сардро дамсоз –
Хонаи бадахшонӣ.
Фарраи ҳунар дорад,
Меҳрро самар дорад,
Шир ҳам шакар дорад,
Хонаи бадахшонӣ.
Равзанаш зи ризвон аст,
Ҳар сутун аз имон аст,
Нақшу рамзи ирфон аст,
Хонаи бадахшонӣ.
Сода нест осораш
Рамзу рози девораш
Миллат аст меъмораш –
Хонаи бадахшонӣ.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”