Баргашт Чоп кардан

Истиқлол Аз хидматҳои таърихии Пешвои миллат то масъулияти шаҳрвандӣ

Истиқлол

Аз хидматҳои таърихии Пешвои миллат то масъулияти шаҳрвандӣ

9-уми сентябри соли 1991 барои миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ва таърихист. Маҳз дар ҳамин рӯз, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Сиву панҷ сол барои таърихи давлатдорӣ шояд фосилаи чандон тулонӣ набошад. Аммо барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ин марҳалаи таърихӣ давраи пур аз рӯйдодҳои тақдирсоз, имтиҳонҳои сахти таърихӣ, талошу мубориза барои бақои давлат, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории навин ва расидан ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад.

Истиқлол барои миллати тоҷик танҳо санаи таърихӣ набуда, рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва муҳимтар аз ҳама, масъулияти мо дар назди Ватан, давлат ва наслҳои оянда мебошад.

Маҳз истиқлол ба халқи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки тақдири давлат ва ояндаи худро мустақилона муайян, арзишҳои миллиро эҳё ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ному Парчами давлати соҳибихтиёри худ мавқеи сазовор пайдо намояд.

Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки дар натиҷаи мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, кишвари тозаистиқлоли мо ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат воқеӣ гардида буд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар баробари фалаҷ кардани сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба пояҳои давлатдорӣ ва амнияти миллӣ низ зарбаи ҷиддӣ расонд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу сарнавиштсоз, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардида, бо иродаи қавӣ, ҷасорати сиёсӣ, хираду дурандешӣ ва садоқат ба Ватан масъулияти таърихии давлатдориро ба зимма гирифтанд.

Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот барқарор, давлат аз хатари нобудӣ ва миллат аз парокандашавӣ раҳо ёфта, мардуми тоҷик атрофи ғояи давлатдории миллӣ муттаҳид гардиданд.

Имрӯз, вақте мо аз дастовардҳои 35 соли истиқлол сухан мегӯем, набояд фаромӯш созем, ки ҳамаи ин пешрафтҳо дар заминаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва давлатдории устувор ба даст омадаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Имрӯз симои шаҳру ноҳияҳои мамлакат куллан тағйир ёфтааст. Бунёди роҳҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, муассисаҳои нави таълимӣ, марказҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ ва фарҳангӣ далели равшани раванди созандагӣ мебошад.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат корҳои бузурги созандагию ободонӣ анҷом дода мешаванд. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидааст.

Дар ҳамин ҷо мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро махсус таъкид намоям. Мо бисёр вақт мегӯем: «Ман Ватанамро дӯст медорам», «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам». Ин суханон хубанд, аммо муҳаббат ба Ватан танҳо бо сухан исбот намешавад. Муҳаббат ба Ватан бояд дар рафтору кирдор ва амали ҳаррӯзаи мо зоҳир гардад. Тавре шоири бузург Абулқосим Лоҳутӣ фармудаанд:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Минбаъд дар ҳамоҳангӣ бо ин сухан, Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Кенеди ҳангоми маросими савгандёдкунӣ дар нутқи ифтитоҳии худ махсус қайд менамояд: «Напурсед, ки Ватан барои шумо чӣ карда метавонад – пурсед, ки шумо барои Ватан чӣ карда метавонед?».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар яки мо бояд дар назди виҷдони худ савол гузорем, ки барои ободии Ватан ва пешрафти давлат чӣ саҳм гузоштаем? Барои тарбияи дурусти фарзандони худ чӣ амал анҷом додаем? Оё тавонистаем дар қалби онҳо муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба давлат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунро ҷой диҳем? Ё танҳо интизорем, ки ҳамаи ин амалҳоро давлат анҷом диҳад!

Масъулияти шаҳрвандӣ маҳз аз ҳамин оғоз мешавад. Шаҳрванди ҳақиқӣ танҳо талаб намекунад, саҳм мегузорад, эрод намегирад, пешниҳод мекунад ва аз мушкилӣ сухан нагуфта, барои ҳалли он талош меварзад. Ватанро бо сухан не, балки бо қалб сидқан дӯст дошта, барои ободии он дар амал заҳмат мекашад.

Ҷойи таъкиди махсус аст, ки имрӯз ҷаҳон яке аз марҳалаҳои ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаро аз сар мегузаронад. Дар минтақаҳои гуногуни олам ҷангҳо ва низоъҳои мусаллаҳона идома доранд.

Махсусан, рӯйдодҳои Ховари Миёна нишон медиҳанд, ки аз даст рафтани сулҳу субот метавонад дар як муддати кӯтоҳ зиндагии миллионҳо одамонро тағйир диҳад. Дар натиҷаи ҷангҳо ҳазорон нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, нафарони зиёд маҷбур мешаванд хонаю дар ва Ватани азизи худро тарк намоянд, кӯдакон аз таҳсил маҳрум мегарданд, оилаҳо пароканда мешаванд ва мардум ба гуруснагӣ, қаҳтӣ, беморӣ ва муҳоҷират рӯ ба рӯ мегарданд.

Ин воқеиятро мо ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма мебинем. Аз ин рӯ, дар муқоиса бо вазъи воқеии ҷаҳони муосир ҳар шахси соҳибватан бояд ба хулосае биояд, ки сулҳ як сухани одӣ набуда, бузургтарин неъмат барои давлат ва ҷомеа мебошад.

Амният низ худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Он натиҷаи сиёсати дуруст, фаъолияти муназзами давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар айни замон натиҷаи ҳушёрӣ ва масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.

Мо бояд шукргузор бошем, ки дар Тоҷикистони азиз мардум дар фазои сулҳу субот зиндагонӣ карда, фарзандон оромона ба мактаб мераванд. Мардум озодона меҳнат намуда, соҳибкор фаъолияти худро пеш мебарад. Шаҳрванд метавонад дар дилхоҳ вақт аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунад. Оила метавонад зиндагии худро ба нақша гирад.

Қадри сулҳро бештар онҳое медонанд, ки ҷангро дидаанд. Мо – мардуми шарифи Тоҷикистон, бадбахтии ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондаем. Бинобар ин, вазифадорем, ки сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Маҳз дар чунин вазъи мураккаби ҷаҳонӣ сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон аҳамияти махсус касб менамояд. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкории созанда муаррифӣ менамоянд.

25-уми июни соли 2026 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд ва солҳои 2027 – 2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон гардид.

Ин рӯйдоди таърихӣ танҳо дастоварди дипломатӣ нест. Ин эътирофи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Кишваре, ки чанд даҳсола пеш ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронда буд, имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳро муаррифӣ ва пешниҳод мекунад. Ин барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихор аст.

Ҳар фарди худшиносу ватандӯст бояд, ифтихорманд бошад, ки кишвари нав ба истиқлолрасидаи мо ба яке аз амнтарин кишварҳои дунё табдил ёфта, ба ҷаҳониён намунаи бунёди як ҷомеаи орому босуботро дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофию сиёсӣ ҳассос нишон дода истодааст.

Дар чанд соли охир Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои амният ва субот дар радабандии Пажӯҳишгоҳи амрикоии Геллап (Gallup) дар байни 144 давлати ҷаҳон мақоми якум ва дуюмро ҳамчун давлати амнтарин ишғол намуд.

Ҷойгоҳи баланд дар радабандии ҷаҳонӣ дастоварди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ буда, ба ин натиҷа ноил гаштан осон нест. Дар гузоришҳои таҳлилӣ омилҳои зиёд, аз ҷумла сатҳи ҷинояткорӣ ва хавфҳои иҷтимоӣ, эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, шумораи ҳодисаҳои хушунатомез, амнияти шахсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба назар гирифта шудаанд.

Бо таъкид ва такрор бояд гуфт, ки яке аз шартҳои асосии ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ҷомеае, ки қонунро эҳтиром мекунад, устувор аст. Ҷомеае, ки шаҳрвандонаш ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд, ба пешрафт ноил мегардад. Аммо донистани қонун кофӣ нест. Қонун бояд ба фарҳанги зиндагии инсон табдил ёбад. Маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон, иҷро намудани уҳдадориҳои худ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳсоси масъулият дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.

Қонун барои маҳдуд кардани инсон набуда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ ва таъмини тартиботу адолат қабул карда мешавад. Мутаассифона, баъзан шаҳрванд то замоне, ки худ ба мушкилӣ дучор нашавад, ба талаботи қонун аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад. Чунин муносибат бояд тағйир ёбад. Риояи қонун бояд аз фарҳанг, виҷдон ва масъулияти шаҳрвандӣ сарчашма гирад. Аз ин рӯ, падару модар бояд фарзанди худро аз хурдӣ ба ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми қонун тарбия намоянд. Мактаб бояд дар баробари дониш, ба наврас фарҳанги ҳуқуқӣ омӯзонда, ҷомеа нисбат ба қонунвайронкунӣ бетараф набошад.

Дар ин раванд, мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди муҳими ҳифзи қонуният, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро таъмин намуда, ба ҳар гуна қонунвайронкунӣ сари вақт ва дар доираи ваколатҳои муқарраргардида вокуниш нишон медиҳад. Мақсади назорати прокурорӣ танҳо ошкор намудани қонунвайронкунӣ набуда, балки пешгирӣ ва барқарор намудани қонуният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, аз мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо мешавад, ки фаъолияти худро ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, муқовимат ба коррупсия, экстремизму терроризм, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими волоияти қонун равона созанд. Дар баробари ин, ҳар як тадбири ҳуқуқӣ бояд асоснок ва одилона буда, ба баланд бардоштани эътимоди мардум ба давлату қонун мусоидат намояд.

Яке аз иқдомҳои навбатии сиёсати инсондӯстона, адолатпарварона ва ғамхоронаи Пешвои маҳбуби миллат нисбат ба инсон ва тақдири оила, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. То 14-уми августи соли ҷорӣ ин санади башардӯстона, дар маҷмуъ, нисбат ба 20 ҳазору 684 нафар татбиқ гардида, 14 ҳазору 343 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод шуд. Аз ҷумла, 8 ҳазору 157 нафар маҳкумшуда бевосита аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ раҳо гардида, ба назди фарзандон, падару модар ва аҳли оилаи худ баргашт. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки чунин шумораи зиёди маҳкумшудагон аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ дар доираи ҳеҷ яке аз 17 санади қаблии авф озод нагардида буд, ки ин иқдоми бесобиқа бори дигар моҳияти амиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллатро собит намуда, ҳамзамон, аз ҳар шахси авфшуда тақозо менамояд, ки ба ин эътимоду ғамхории давлат бо ислоҳи рафтор, риояи қонун, меҳнати ҳалол ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҷавоб гардонад.

Мо бояд як ҳақиқатро ҳамеша дар хотир дошта бошем: давлат танҳо аз мақомоти давлатӣ иборат нест. Давлат ҳамаи мо ҳастем. Давлат оилаи ману шумост. Ватан аз хона, кӯча, деҳа, ноҳияву шаҳри мо оғоз гардида, ба Тоҷикистони азизамон мепайвандад.

Вақте як шаҳрванд кӯчаи назди хонаашро обод мекунад, соҳибкор корхона бунёд менамояд, омӯзгор фарзанди мардумро босавод тарбия мекунад, волидайн фарзандашро аз роҳи ҷиноят дур нигоҳ медорад, ҷавон илму касб омӯхта, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунад ва вақте шаҳрванд қонунро риоя намояд, онҳо ба давлат хидмат мекунанд. Баръакс, бетарафӣ нисбат ба сарнавишти ҷомеа бо масъулияти шаҳрвандӣ созгор нест.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо ҳақ дорем аз дастовардҳои кишвари худ ифтихор кунем. Аммо ифтихор бояд моро ба қаноатмандӣ не, балки ба масъулияти бештар водор созад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем: истиқлол ба мо ҳуқуқи соҳибватан буданро дод, аммо, ҳамзамон, масъулияти ҳифзи Ватанро низ ба зиммаи мо гузошт. Истиқлолро ба даст овардан дастоварди бузург аст. Ҳифз кардани ин неъмати бебаҳо масъулияти аз он ҳам бузургтар мебошад.

Имрӯз вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки дар атрофи сиёсати созандаву сулҳпарваронаи давлат муттаҳид бошем, ваҳдати миллиро ҳифз намоем, қонунро риоя кунем, фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намуда, бо меҳнати ҳалол барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.

Боварии комил дорам, ки мардуми ватандӯсту сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ободиву рушди Тоҷикистони азиз содиқона заҳмат хоҳанд кашид.

Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон абадӣ бошад!

Бигзор сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бимонанд!

Бигзор Тоҷикистони азизи мо рӯз ба рӯз ободу пешрафта ва мардуми шарафманди он сарбаланду хушбахт бошанд!

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло,
Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон