АМИТ
Ҳисобкунакҳои ҳушманд қадами муҳим дар роҳи рушди иқтисоди рақамӣ
Дар шароити имрӯз истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва ҷорӣ гардидани низоми рақамӣ дар соҳаи энергетика, ҳисобкунакҳои ҳушманд ё худ билингӣ тадриҷан ҷойи ҳисобкунакҳои куҳнаи индуксиониро мегиранд. Ҳадафи асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, коҳиш додани талафоти неруи барқ, таъмини шаффофияти баҳисобгирӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии мамлакат маҳсуб меёбад.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз аксари ҳисобкунакҳои ҳушманд мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатӣ фаъолият мекунанд. Ҳангоми санҷиш танҳо шумораи ками онҳо корношоям дониста шуданд. Ин нишон медиҳад, ки низоми электронии баҳисобгирӣ нисбат ба усулҳои пешина дақиқтар ва боэътимодтар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки зиёд шудани маблағи истифодаи неруи барқ дар фасли сармо бештар ба афзоиши истифодаи таҷҳизоти барқӣ вобаста аст, зеро дар фасли зимистон таҷҳизоти гармидиҳӣ ва дигар асбобҳои барқӣ бештар истифода мешаванд. Барои мисол, ҳисобкунакҳои электронӣ нисбат ба ҳисобкунакҳои куҳна ҳассосияти бештар доранд ва ҳатто масрафи ночизи неруи барқро ба қайд мегиранд. Масалан, пуркунандаи барқи телефони мобилӣ (зарядник), индикаторҳои LED дар васлак ва калидҳои барқӣ низ неруи муайяни барқро истифода мебаранд. Ҳарчанд ин масраф ночиз аст, аммо дар маҷмуъ, метавонад ба нишондиҳандаҳои ҳисобкунак таъсир расонад.
Гузариш ба ҳисобкунакҳои ҳушманд ба коҳиши назарраси талафоти неруи барқ мусоидат намуда истодааст. Агар солҳои пеш сатҳи талафоти неруи барқ дар кишвар баланд буд, имрӯз он, махсусан дар пойтахт, бамаротиб коҳиш ёфтааст. Ин натиҷаи мустақими татбиқи технологияҳои муосир ва низоми биллингӣ дар пойтахт мебошад.
Ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ имконият медиҳанд, ки маълумот ба таври худкор ба марказҳои коркард ирсол шавад. Ин раванд шаффофиятро таъмин намуда, ҳам барои истифодабарандагон ва ҳам барои кормандони соҳаи барқ шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳусейн ЗОҒАКОВ,
муҳандиси ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
дар шаҳри Душанбех