Баргашт Чоп кардан

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҚИРҒИЗИСТОН


31-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон – Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони расмии кишвар истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.