1-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози сухан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ба Роҳбари он Садир Жапаров барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили сатҳи баланди ҳамоиш изҳори сипос карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории Созмон ва таҳкими обрӯи байналмилалии он буду ҳаст.
Сарвари давлат аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд.
“Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъаовар ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи тадбирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, – гуфтанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро таъкид намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии устувори Тоҷикистонро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид дошта, ба сарварони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси кишвари мо дар эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 арзи сипос намуданд.
Дар идомаи сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад.
Гуфта шуд, ки густариши иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва технологияҳои баланд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди дарозмуддат мусоид мекунад.
Бо назардошти танишҳо дар бозорҳои энергетикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, даъват шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи энергетикаи анъанавӣ ва пешбурди лоиҳаҳои гузариш ба «неруи сабз» тақвият дода шавад.
Пешниҳод гардид, ки таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологӣ дар минтақаи СҲШ омӯхта шавад.
Аз пешрафт дар таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии вайроншавии замин ва таъмини амнияти экологиро дар шароити имрӯза аз ҳадафҳои стратегии рушди устувор номиданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самтҳо минбаъд низ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир Ҷумҳурии Исломии Покистонро барои қабули раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, ҷонибдории худро аз иқдоми эълони шаҳри Лоҳур чун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2026 – 2027 изҳор намуданд.