Баргашт Чоп кардан

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. МАҚОМИ ЗАН ДАР ТАҲКИМИ АДОЛАТИ СУДӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ


Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи боэътимоди эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдату субот, волоияти қонун ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гардид. Маҳз соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва иродаи мардум роҳи мустақили давлатсозиро пеш гирифта, низоми муосири идоракунии давлатӣ ва заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро ташаккул диҳад.
Дар тули 35 соли Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон марҳалаҳои муҳими давлатсозӣ ва созандагиро тай намуда, дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин радиф эҳтиром ба мақому манзалати зан дар ҷомеа, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти ӯ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои иштироки бонувон дар идоракунии давлатӣ, ҳокимияти судӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолияти соҳибкорӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Натиҷаи ҳамин сиёсати созанда аст, ки имрӯз зани тоҷик дар баробари рисолати муқаддаси модарӣ, ҳамчун роҳбари кордон, судя ва ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба, олими донишманд, омӯзгор, табиб, соҳибкор ва мутахассиси баландихтисос дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорад.
Ҷойи таъкид аст, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли ӯ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар фаъолияти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла низоми судҳои иқтисодӣ, таҷассуми воқеии худро пайдо намудааст.
Имрӯз занону духтарони соҳиб-тахассус дар низоми судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбар, судя ва корманди дастгоҳи судҳо фаъолияти босамар дошта, дар татбиқи адолати судӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баррасии саривақтию босифати парвандаҳо ва таъмини фаъолияти муназзами он саҳми арзанда мегузоранд.
Дар низоми судҳои иқтисодӣ аз 131 воҳиди кории пешбинигардида 111 нафар фаъолият дорад, ки аз ин шумора 31 нафар ё 27,9 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи мазкур 3 нафар дар ҳайати роҳбарикунандаи низоми судҳои иқтисодӣ фаъолият намуда, дар пешбурди самтҳои муҳими фаъолияти судҳои иқтисодӣ саҳми муносиб мегузорад.
Ин нишондиҳандаҳо далели равшани он мебошанд, ки занон дар низоми судҳои иқтисодӣ мавқеи устувори касбӣ дошта, дониш, таҷриба, малакаи ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти роҳбарии худро дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ самаранок татбиқ менамоянд.
Фаъолияти босамари занон дар судҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар сатҳи баланди касбият, поквиҷдонӣ, беғаразӣ, масъулиятшиносӣ, риояи қатъии қонун ва одоби касбӣ, инчунин дар саҳми бевоситаи онҳо ба таъмини адолати судӣ ифода меёбад.
Заноне, ки дар низоми судҳои иқтисодӣ фаъолият доранд, бо истифода аз донишу таҷрибаи касбӣ дар ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба судҳои иқтисодӣ саҳми назаррас мегузоранд, зеро ҳар як санади қонунӣ ва асосноки судӣ на танҳо ба ҳалли дурусти баҳси мушаххас, балки ба таҳкими волоияти қонун, таъмини суботи муносибатҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор ба адолати судӣ мусоидат менамояд.


Дар ин замина, иштироки фаъоли занон дар фаъолияти судҳои иқтисодӣ намунаи равшани татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан ва истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва касбии онҳо дар хидмати давлатӣ мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки бонувони соҳибтахассус дар низоми судҳои иқтисодӣ минбаъд низ бо масъулияти баланди касбӣ, садоқат ба қонун ва арзишҳои адолат дар таҳкими қонуният, рушди низоми судӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ин ва далелҳои зиёди дигар собит месозанд, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳз таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам гардидани шароити мусоид барои иштироки фаъоли ӯ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин замина, рушди соҳибкории занон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат мавқеи хос касб намудааст.
Имрӯз занони тоҷик дар баробари иҷрои масъулиятҳои оилавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, кишоварзӣ, саноат, хидматрасонӣ, савдо, ҳунармандӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти пурсамар намуда, бо ташкили корхонаҳои хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пешниҳоди маҳсулоту хидматрасониҳои рақобатпазир дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Тибқи нишондиҳандаҳои мавҷуда, шумораи занони соҳибкор дар мамлакат ба 108,7 ҳазор нафар расида, 27,8 фоизи шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Ин рақам далели возеҳи афзоиши фаъолияти иқтисодии занон ва таҳкими мавқеи онҳо дар низоми муносибатҳои соҳибкорӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки дастгирии молиявии фаъолияти соҳибкории занон низ сол ба сол густариш меёбад. Дар ин давра аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии мамлакат ба занони соҳибкор ба маблағи 3 миллиарду 727,8 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 779,3 миллион сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки зани тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо мавқеи иҷтимоиву сиёсии худро таҳким бахшидааст, балки ҳамчун иштирокчии фаъоли муносибатҳои иқтисодӣ ва субъекти мустақили фаъолияти соҳибкорӣ низ мақоми устувор пайдо намудааст.
Ҳамзамон, дастгирии давлатии соҳибкории занон пайваста тақвият ёфта истодааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2025, №420 ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025–2030 ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи ин иқдом ҳамасола 15 миллион сомонӣ барои таъсиси 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳои муҳим ба занон имконият медиҳад, ки ташаббусҳои соҳибкории худро амалӣ намуда, корхонаҳои нави истеҳсоливу хидматрасонӣ таъсис диҳанд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оваранд ва дар таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар саҳми бештар гузоранд.
Дар маҷмуъ, рушди соҳибкории занон яке аз нишонаҳои муҳими пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, далели равшани он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи иқтидори иқтисодиву иҷтимоии занон заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, молиявӣ ва институтсионалӣ фароҳам оварда шудаанд. Занони соҳибкори тоҷик имрӯз бо меҳнати созанда, ташаббускорӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар таҳкими иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан саҳми назаррас мегузоранд.
Албатта, саҳми занону модарон дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо бо фаъолияти касбӣ, давлатӣ ё иқтисодии онҳо маҳдуд намегардад. Модар нахустин тарбиятгари фарзанд буда, маҳз дар муҳити оила эҳтиром ба Ватан, давлат, қонун, забон, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ ташаккул меёбад. Занону модарони тоҷик дар тарбияи насли солиму соҳибмаърифат, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти созанда саҳми бузург доранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми зан маънои таҳкими оила, рушди ҷомеа ва тақвияти пояҳои давлатдории миллиро дорад.
Дар арафаи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор метавон таъкид намуд, ки имрӯз зани тоҷик ба яке аз неруҳои фаъоли давлатсозиву ҷомеасозӣ табдил ёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла дар ҳокимияти судӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, мақоми шоиста касб намудааст.
Боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли бонувон дар ҳокимияти судӣ, густариши соҳибкории занон ва таъмини ҳифзи боэътимоди судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманди 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Итминони комил дорем, ки бонувони сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ бо донишу маърифат, таҷрибаи касбӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисоди мамлакат, амалисозии адолати судӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми шоистаи худро хоҳанд гузошт, зеро арҷгузорӣ ба мақоми зан – арҷгузорӣ ба оила, ҷомеа, миллат ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.


Зебонисо АБДУЛЛОЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон