Рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Имрӯз 25,8 фоизи буҷети маҳаллӣ ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст ва дар шаҳр 15 барномаи соҳаи тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ мешавад.
Яке аз самтҳои асосии рушди соҳа таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ мебошад. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақо-моти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вило-яту шаҳр, шарикони рушд ва соҳибкорон ба маблағи 2,7 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харида шудааст. Ҳамзамон, бо ташаббуси соҳибкорон дастгоҳи томографияи компютерии мултиспиралӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ дастрас гардидааст. Таҷҳизондани муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои муосир имкониятҳои ташхиси саривақтӣ ва дақиқи бемориҳоро васеъ намуда, барои баланд бардоштани сифати табобат заминаи мусоид фароҳам овард. Истифодаи технологияҳои навини тиббӣ, ҳамзамон, ба коҳиши зарурати фиристодани беморон ба дигар марказҳои тиббӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Дар ин марҳала дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти нави тиббӣ бунёд ва муассисаҳои мавҷуда навсозӣ гардиданд. Аз ҷумла, бунёди беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди инфрасохтори тандурустии маҳал аст.
Сардухтури беморхонаи мазкур, Улуғбек Шодибеков, зимни суҳбат иброз дошт, ки беморхона дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтааст. Беморхонаи минтақавӣ дорои 120 кати табобатӣ буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мебошад. Дар муассиса барои ташхис ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Мавҷудияти таҷҳизоти зарурӣ ва шароити муносиб ба мутахассисон имкон медиҳад, ки ба сокинон хидматрасонии тиббии босифат ва саривақтӣ пешниҳод намоянд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаҳои тиббии муосир барои беҳтар гардидани дастрасии аҳолии Панҷакент, бахусус сокинони деҳот, ба хидматрасониҳои тиббӣ аҳамияти калон дорад.
Дар баробари рушди муассисаҳои табобатӣ, ба самти расондани ёрии таъҷилии тиббӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мешавад. Дар муассисаҳои табобатии шаҳр 12 автомашинаи ёрии таъҷилӣ фаъолият дошта, барои сари вақт расондани кумаки тиббӣ истифода мешавад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”