Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ. РОБИТАИ ИҚТИСОДӢ РУШД МЕЁБАД


Дар шароити тағйирёбии пуршиддати иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши талабот ба технологияҳои рақамӣ, «энергияи сабз», воситаҳои нақлиёти барқӣ, маъданҳои муҳим ба омилҳои стратегии рушди иқтисодӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок аст. Ҷумҳурии Корея бо саноати пешрафтаи технологӣ, таҷрибаи истеҳсолӣ ба ашёи хоми стратегӣ талаботи зиёд дорад, аз ин рӯ, ҳамкориҳои дуҷониба дар ин соҳа метавонанд ба як самти рушдёбандаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба табдил ёбанд.
Дар асоси сарчашмаҳои оморӣ ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Корея айни замон аз 115 миллион доллари ИМА боло рафта, мунтазам афзоиш меёбад. То имрӯз 24 ширкати кореягӣ ба бозори Тоҷикистон ворид шуда, фаъолияти пурсамари худро пеш мебарад. Дар тули се соли охир кишварҳо бо баргузории се форуми тиҷоратӣ ҳамкориҳои иқтисодиро густариш дода, ба марҳалаҳои нави рушди он муяссар гаштаанд. Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо Корея, бахусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, металлургия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, расман омодагии худро эълон кардааст, зеро кишвари мо дорои тақрибан 40 намуди металлҳо ва маъданҳо буда, зиёда аз 800 кони маъданҳои полиметаллӣ ва металлҳои нодир мебошад. Аз ҷумла, истихроҷи мис, нуқра, тилло, литий ва волфрам аз имкониятҳои баланди тараққиёти минбаъда хабар медиҳанд.
Қобил ба зикр аст, ки захираҳои маъдании Тоҷикистон ва аҳамияти стратегии онҳо барои ниёзҳои Ҷумҳурии Корея хеле муҳим буда, имкониятҳои истихроҷи муштарак ва ҷалби сармояи кореягӣ, интиқоли технологияҳои муосири геологӣ ва коркарди амиқи маъдан барои рушди саноат ва содироти Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.
Аввалин форуми дуҷониба оид ба маъданҳои муҳим соли 2026 дар шаҳри Сеул баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, геологҳо, муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои бузурги маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва Корея ҷамъ омаданд. Мавзуи асосии музокирот муттаҳид сохтани имкониятҳои захираҳои бойи Тоҷикистон бо технологияҳо ва коркарди Корея барои эҷоди пойгоҳҳои устувори таъминот буд. Дар ҷаласаҳои махсуси «B2B», ширкатҳои тоҷикӣ, аз ҷумла «Talco Gold», «Tilloi Toqik», «Pakrud», «Anzob» ва «Aprelevka» барои рушди конҳои тилло, нуқра ва сурма бо сармоягузорон машваратҳои мустақим оид ба ҷалби сармоя анҷом доданд.
Иштирокчиёни ин ҷаласаҳо ба лоиҳаи муштараки волфрам байни «GB Innovation» ва «TALCO» дар кони Майхӯра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Бо захираҳои беш аз 1,92 миллион тонна маъдан, лоиҳа барои истеҳсоли 1400 тонна консентрати волфрам дар як сол пешбинӣ шудааст, ки он барои саноати мудофиа ва нимноқилҳо истифода хоҳад шуд. Дар заминаи ин форумҳо, вазоратҳои дахлдор омода кардани ёддошти ҳамкории технологӣ ва ташаббуси таъсиси формати вазирони «C5+Korea»-ро оғоз карданд. Рушди минбаъдаи шарикии саноатӣ дар рӯзномаи аввалин саммити дарпешистодаи «Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ» дохил шудааст.
Ҳамин тариқ, раванди таҳаввулоти мазкур нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду кишвар тадриҷан аз сатҳи муколамаи умумӣ ба самтҳои мушаххаси иқтисодӣ ва технологӣ мегузаранд, зеро самти рушди саноати кишвар барои истифодаи самаранокии иқтидори сарватҳои табиӣ хело муҳим мебошад.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2025 – 2026 ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маъданҳои муҳим ба самти мушаххаси ҳамкориҳои иқтисодӣ табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2025 байни Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Институти илмҳои геологӣ ва захираҳои минералии Корея меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Моҳи ноябри соли 2025 ҷонибҳо масъалаи таҳкими занҷираҳои таъминоти маъданҳои муҳим дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, моҳи майи соли 2026 масъалаи густариши ҳамкории мутақобилан судмандро дар ҳамин соҳа баррасӣ карданд.
Аз нигоҳи мо, ин раванд барои рушди муносибатҳои иқтисодии дуҷониба аҳамияти стратегӣ дошта, ба таҳкими сиёсати «дарҳои кушодаи иқтисодӣ», густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва фароҳамсозии заминаи мусоид барои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.


Соҳиби БАҲРУЛЛО,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ