Ноҳияи Тоҷикобод дар баробари дигар гӯшаву канори кишвари азизамон рӯ ба рушди устувор ниҳода, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии он ба таври назаррас пеш мераванд.
Тавре Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» изҳор дошт, дар фаъолияти мақомоти маҳаллӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушд ва барномаҳои давлатӣ бармеоянд, мавқеи меҳварӣ дорад. Бобати ташкили муваффақонаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси санадҳои болоӣ 32 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ роҳандозӣ гардид, ки иҷрои онҳо заминаи рушди соҳаҳоро таъмин месозад.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бахши молия ва иқтисоди ноҳия нишондиҳандаҳои устуворро ба қайд гирифт. Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 117,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 8 миллиону 504,4 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 252,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026 – 2030, дар маҷмуъ, 162 лоиҳаро ба маблағи 131,45 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки айни замон 7 лоиҳаи он дар амал қарор дорад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 46 миллиону 818,9 ҳазор сомонӣ ва маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 97 миллиону 769,6 ҳазор сомонӣ баробар шуд.
Соҳаи кишоварзӣ асоси хоҷагидории ноҳияи Тоҷикободро ташкил медиҳад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он 90 миллиону 196 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар майдони 6 ҳазору 712 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла дар 2106 гектар картошка, анҷом дода шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз ноҳия 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.
Дар бахши саноат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 7 миллиону 573,6 ҳазор сомонӣ расид ва 3 коргоҳи нави истеҳсоли сементблок ва сафолак мавриди истифода қарор гирифт.
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2026, №178 ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027 корҳои мушаххас анҷом дода шуданд. Қарори раиси ноҳия дар ин самт ба тасвиб расид. Ситоди ноҳиявӣ ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 12 банд тасдиқ гардида, захираи маводи зарурӣ мунтазам идома дорад.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд ва таъмири 101 иншооти муҳим пешбинӣ шуда буд, ки то имрӯз 85 иншооти соҳаҳои гуногун сохта ба истифода дода шуд ва дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Тоҷикобод имрӯз дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Ҳукумати мамлакат муттаҳид буда, тамоми неру ва имкониятҳои худро сафарбар мекунанд, то нақшаву уҳдадориҳои қабулкардаро иҷро намоянд. Мо дар самти созандагӣ қадамҳои устувор гузошта, бо бунёди иншооти ҷашнӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор пешвоз хоҳем гирифт, – изҳор дошт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”