(Идома аз шумораи №162, 19.08.2026)
Шайхурраис садоноки "о"-ро дар ривояти дуюми рисола чунин баён намудааст: "Аммо кори садонокҳо (ал-мусаввитот) ва таъсири онҳо бароям мушкил афтод, лекин ман гумон дорам, ки махраҷи "алифи суғро ва кубро" (яъне "а" ва "о") аз раҳошавии ҳаво ба сурати нарм ва бидуни мамониат анҷом мепазирад".
Аз ин шарҳи Ибни Сино нисбат ба садонокҳои дарози "о" ва кӯтоҳи "а" хулоса мешавад, ки ӯ дар зери мафҳуми садоноки "о" садоноки дарози "о" ва ба воситаи "хоҳари он "забар"(- а)" садоноки кӯтоҳи "а"- ро дар назар дорад, ки исботи ин андешаро аз шарҳи шайхурраис нисбат ба садонокҳои дарози "ӯ" ва садоноки кӯтоҳи "у" мушоҳида карда метавонем. Ибни Сино садонокҳои "ӯ"-и дароз ва "у"-и кӯтоҳро дар ривояти якуми рисола ба ин сурат таъбир намудааст:"Садоноки "ӯ" ва хоҳараш "замма-у" гумон дорам, баромади ҳар дуи он аз роҳи камтарин тангсозии махраҷ ва майли нарм ба боло сурат мегирад". (Рисолаи "Махориҷ", С. 84).
Аз таҳлили садонокҳои "ӯ" ва "у" дар ҳар ду ривояти рисола ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки шарҳу баёни садонокҳо ҳамчун падидаи забоншиносӣ, ҳатто барои чунин нобиғае мисли Ибни Сино душворӣ эҷод намудааст. Вале ӯ бо фаросат ва заковати фавқулодаи худ тавонистааст вазифаи онҳоро на танҳо чун анатом аз назари илми ташреҳ (анатомия) дар рисола бисёр муфассал шарҳу баён намояд, балки чун забоншинос онҳоро дуруст шарҳу баён созад. Аз дидгоҳи Ибни Сино баромадгоҳи "алифи суғро", ки ҳамон садоноки кӯтоҳи "у" ва "алифи кубро", ки ҳамон садоноки дарози "ӯ" мебошад, аз тариқи нарм ва бидуни монеа раҳоёбии ҳаво анҷом мепазирад. Сипас, кори ин се [садонок] бароям душворӣ эҷод кард, лекин ман яқин медонам, ки "алифи мамдуда (кашидашаванда)-и мусаввита" дар якчанд ва ё дучанд замони садоноки "а" (фатҳа) ба вуқуъ пайваста, вале худи садоноки "а" (фатҳа) дар хурдтарин замонҳое, ки интиқол аз як ҳарф ба ҳарфи дигар имкон дорад, анҷом мепазирад. Нисбат ба "ӯ"-и садонок ба "у" (замма)-и садонок ва нисбат ба "ӣ"-и садонок ба садоноки "и" (касра) низ чунин аст. (Рисолаи "Махориҷ", С.84-85).
Аз ин ҷо ба қавли муҳаққиқи рисолаи "Махориҷ ал-ҳуруф" Ҳассон ат-Тайён, муҳимтарин мӯшикофие, ки Ибни Сино нишон додааст, ин аст, ки байни садоноки кӯтоҳи "у" ва "и" ва садонокҳои дарози "ӯ" ва "ӣ" фарқ гузошта, кӯшиш кардааст, ки замони ҳосилшавии ҳар яки онҳоро муайян созад. Воқеан, мо ба мӯшикофиҳои Ибни Сино дар ин рисолаи начандон бузургҳаҷм, вале пурмуҳтаво баъди тарҷума ва таҳқиқи бодиққати матн дар ҳайрат мемонем, ки чӣ гуна масъалаҳои бисёр нозуки омӯзиши низоми овозии забони арабӣ, порсӣ ва дигар забонҳоро бо ин маҳорат ва ҳунармандӣ тасвир намудааст. Дар ҳоле ки бисёр ҳолатҳои падид омадани овозҳоро дар замони мо асбоби дақиқи санҷиши овоз чун кимограф ва отсилограф муайян карда метавонанд.
Мавзуи ҳамсадоҳо дар рисолаи "Махориҷ". Шайхурраис дар ҳамон даврон равиши муқоисавии таҳқиқро сармашқи кори худ сохта, овозҳои забони арабиро бо овозҳои забонҳои дигар муқоиса намуда, худро яке аз асосгузорони овошиносӣ (фонетика)-и муқоисавӣ муаррифӣ мекунад.
Мутафаккир баъд аз он ки овозҳои забони арабиро дар шакли алоҳида ва мустақил таҳқиқ менамояд, фасли панҷуми рисоларо бо унвони "Дар шинохти ҳарфҳое, ки ба ин ҳарфҳо шабоҳат дошта, [вале дар забони арабӣ вуҷуд надоранд]", ба масъалаи аз ҷиҳати овозӣ дар шакли мухталиф адо шудани талаффузи овозҳои алоҳидаро шарҳу баён менамояд. Дар ин фасл бо истилоҳоти вижа, ки мазмун ва муҳтавои дидгоҳи овошиносии ӯро дар бар мегиранд, падидаи мазкурро шарҳу баён намуда, бо ишора мегӯяд: "Синн"-и содия", "коф"-и мухаффафа", "бо"-и мушаддада" ва ғайра, ки агар инҳоро ба забони тоҷикӣ муқоиса намуда, тарҷума намоем, бояд онҳоро дар чунин шакл тарҷума созем:"овози "синн"-е, ки ба овози сод монанд аст", ё овози "коф"- е, ки тарзи талаффузи сабук дорад", ё овози "бо"-е, ки ба сурати шиддатнок талаффуз карда мешавад". Ибни Сино дар шарҳи ин падидаи овозӣ на танҳо ба худи забони арабӣ, балки ба забонҳои дигар чун порсӣ, хоразмӣ, туркӣ ва юнонӣ рӯ овардааст, ки мо дар ин ҷо танҳо дидгоҳи ӯро нисбат ба овошиносии забони порсӣ-тоҷикӣ мавриди назар қарор хоҳем дод.
Тавсифи овозҳои забони порсӣ-тоҷикӣ дар ин фасли рисола, ки аз дидгоҳи Ибни Сино аз овозҳои забони арабӣ фарқ доранд, чунин аст. Ибни Сино овози ҳамсадои "бе-и шиддатнок"-ро дар забони порсӣ-тоҷикӣ дар мисоли калимаи порсии "пирӯзӣ" собит намуда, мегӯяд: "Аз он ҷумла овози ["бе"-и шиддатнок] дар забони порсӣ дар гуфтори онҳо "пирӯзӣ" аст, ки ба воситаи шиддати сахти [ҳаво] бар лабҳо ҳангоми монеъшавӣ ва кандану фишори сахти ҳаво ба вуҷуд меояд". (Рисолаи "Махориҷ", С.84).
Дар адабиёти илмии забоншиносӣ ин овозро ба ҳамон овози забони лотинӣ ва забонҳои аврупоӣ, яъне (Р) монанд кардаанд. Аммо вақте ки мо асли мақсади асосии Ибни Синоро донистанӣ мешавем, ҳадафи мутафаккир аз "бо"-и шиддатнок" ҳамон овози "пе"-и порсӣ-тоҷикӣ аст, зеро чунонки маълум аст, дар забони адабии арабӣ ба истиснои баъзе аз лаҳҷаҳои он овози "пе" ва ҳарфи "пе" вуҷуд надорад. Аз лиҳози сифат ва тавсиф низ овози "бе"-и арабӣ ва овози "бе"-и порсӣ-тоҷикӣ овозҳои ҷарангдор буда, овози "пе"-и тоҷикӣ овози беҷаранг аст. Аз ҷониби дигар, худи Ибни Сино ҳангоми шарҳу баёни ин ҳамсадои шиддатнок ишора менамояд, ки он ба воситаи шиддати сахти [ҳаво] бар лабҳо ҳангоми монеъшавӣ (ҳабс) ва кандани сахт ва фишори сахти ҳаво ба вуҷуд меояд, ки чунин ҳолат хоси ҳамсадои "пе"- и порсӣ-тоҷикӣ мебошад. Аз ин ҷо Ибни Сино, ба сабаби он ки ба забонҳои арабӣ ва порсӣ-тоҷикӣ тасаллути комил дошт, хостааст, аввал фарқ байни ҳамсадои ҷарангдори "бе"- и арабӣ ва ҳамсадои беҷаранги "пе"-и порсӣ - тоҷикиро нишон диҳад ва сипас, мавҷуд набудани ин овози ҳамсадои "пе"-ро дар забони арабӣ собит созад.
Ҳамсадои дигаре, ки ба сурати муқоисавӣ ба забони арабӣ дар рисолаи "Махориҷ" собит гардидааст, овози ҳамсадои "ҷе" мебошад. Ибни Сино махраҷ (баромадгоҳ) ва хусусиятҳои асосии овозии "ҷе"-ро дар забони арабӣ дар шаклҳои мухталиф дар ҳар ду ривояти рисолаи "Махориҷ" шарҳу баён дода, онро бо ҳамсадои "че"-и порсӣ-тоҷикӣ дар мисоли калимаи "чоҳ" дар ривояти аввали рисола ишора карда, мегӯяд: "Ҳарфҳое, ки ба [овози] "ҷе" монанд мебошанд, чаҳортоанд: аз ҷумлаи ин ҳарфҳо ҳарфе мебошад, ки дар аввали исми "чоҳ" дар забони порсӣ гуфта мешавад. Ин овози "ҷе" тавассути бештару сахттар часпонидани нӯги забон [дар ком] ва фишори сахти ҳаво ҳангоми кандан ба вуҷуд меояд. Нисбати овози "ҷе"-и арабӣ бо ин овози "ҷе" монандӣ нисбат ба овози "ке"-и ғайриарабӣ бо овози "ке"-и арабӣ аст". (Рисолаи "Махориҷ", С. 86-87).
Ибни Сино ин ҳарфро дар ривояти дуюми рисола чунин баён намудааст: "Ҳамчунин, ҳарфе аст, ки ба ҳарфи "ҷе" монанд буда, дар гуфтори порсиён [калима]-и "чоҳ" шунида мешавад. Нисбат ба овози "ҷе"-и арабӣ бо ин овози "ҷе" монанди нисбати овози "ке "-и ғайриарабӣ бо овози "ке"-и арабӣ аст", зеро он аз шиддати сахттар ҳангоми монеъшавӣ (ҳабс) тавассути ҷузъи калонтари забон ва бо кандану рондани сахти ҳаво падид меояд. (Рисолаи "Махориҷ, С. 127-128).
(Идома дорад)
Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ,
сарходими "Маркази синошиносӣ"-и Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ, профессори кафедраи филологияи араби ДМТ,
доктори илмҳои суханшиносӣ