Бо бадастовардани истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон имконият пайдо кард, то сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷии худро дар асоси манфиатҳои миллӣ роҳандозӣ намояд, захираҳои табиӣ ва иқтидорҳои иқтисодиро ба нафъи халқ истифода бурда, барои рушди устувори соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла энергетика, иқдомоти заруриро амалӣ созад. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои стратегии давлатӣ дар соҳаи энергетикаро таҳия ва марҳала ба марҳала татбиқ намуд, ки дар натиҷа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо, мо мувофиқ донистем, ки ба хонанда 35 дастоварди муҳимро дар соҳаи энергетика дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ пешниҳод намоем.
1. Бунёди НБО «Помир-1» (28 МВт)
2. Бунёди НБО «Сангтӯда-1» (670 МВт)
3. Бунёди НБО «Сангтӯда-2» (220 МВт)
4. Бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (400 МВт)
5. Бунёди ду агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» (760 МВт)
6. Сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 кВ дар НБО «Норак»
7. Сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 кВ Неругоҳи барқи обии «Роғун»
8. Сохтмони дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО «Қайроққум»
9. Бунёди зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500» ва «Суғд-500»
10. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Лолазор»
11. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Хатлон»
12. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Айнӣ»
13. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Шаҳристон»
14. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Шаҳринав»
15. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Геран-2»
16. Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ МОИ «Данғара»
17. Сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб – Шимол» (ба масофаи 263,8 км)
18. Сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Душанбе – Роғун» (189 км)
19. Сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» (244 км)
20. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор – Хатлон» (53,3 км)
21. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Тоҷикистон – Афғонистон» (116 км)
22. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Хуҷанд – Айнӣ» (83,2 км)
23. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум – Ашт» (74 км)
24. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Геран – Румӣ» (78 км)
25. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум – Суғд» (63,3 км)
26. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ – Рӯдакӣ» (95 км)
27. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ НБО «Роғун» – зеристгоҳи барқии «Роғун» (12,7 км)
28. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ МОИ «Данғара» (40 км)
29. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ аз зеристогоҳи конветории «Сангтӯда» то НБО «Сангтӯда-1» (13 км)
30. Бунёди НБО «Себзор»
31. Таҷдиди пурраи НБО «Қайроққум»
32. Таҷдиди се агрегати НБО «Норак»
33. Таҷдиди панҷ агрегати НБО «Сарбанд»
34. Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ВМКБ
35. Бунёди Неругоҳи барқи офтобии «Ашт» (250 МВт)
С. АШУРОВ, «Ҷумҳурият»