Баргашт Чоп кардан

РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО


Рақамикунонии иқтисоди миллӣ ин, пеш аз ҳама, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарраву корӣ мебошад. Имрӯзҳо аксар кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққии ҷаҳон аз ин навгонии замони муосир ба таври самаранок истифода мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи мутамаддин сиёсати расмии рақамикунонии иқтисоди миллиро ҳанӯз соли 2011 пеш гирифта, бо қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ заминаи аввалини ин гузаришро гузошт.
Ин раванд минбаъд бо қадамҳои мушаххаси стратегӣ устувор ва васеъ карда шуд. Аз ҷумла, соли 2019 бо тасдиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ сиёсати рақамикунонии соҳаҳои гуногуни кишвар ҷиддан оғоз гардид. Қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 даври нави рушди рақамиро вусъат бахшид. Дар идомаи ин иқдомот ҷиҳати тақвияти чораҳои андешидашуда ва рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар солҳои 2025-2030 – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуда, ниҳоди махсуси рушди соҳа – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.


Инфрасохтори рақамӣ:
дастовардҳо ва тавсеаи шабакаҳо
Дар пайи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат як қатор пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Имрӯз қариб тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин шуда истодаанд. Бо сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои пайвастаи ширкатҳои мобилӣ, шабакаи алоқаи мобилӣ ва дастрасии интернет ҳамасола васеъ мешавад. Чунончи, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1361 истгоҳи базавӣ насб шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум (811 адад) 67,8 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 18 380 истгоҳи базавӣ фаъолият дошта, насби онҳо идома дорад. Айни ҳол дар мамлакат 131 истгоҳи базавии насли 5G мавриди истифода қарор дорад.
Ҳамчунин, аз 1-уми августи соли 2023 барои ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ пардохти ғайринақдӣ ва рамзи ягонаи QR ҷорӣ карда шуд.
Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ, то охири моҳи июни соли равон шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 19,8 миллион ва кортҳои пардохтии бонкӣ ба 12,4 миллион расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мутаносибан 25,9 ва 35,4 фоиз зиёд мебошад. Яъне, шумораи зиёди аҳолии мамлакат аз хидматрасониҳои молиявии рақамӣ истифода мебаранд ва ин аз сифати баланди интернет, махсусан дар пойтахти мамлакат, шаҳодат медиҳад.
Масалан, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шуд. Суръати интернети собит (симӣ) ҳоло ба 48,71 Мбит/с расидааст, раванди мазкур идома ёфта, суръати он дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с хоҳад расид.
Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, айни ҳол дар ҷумҳурӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои стратегии бунёди шоҳроҳҳои (магистралии) алоқаи хатти нахи нурӣ (оптикӣ) идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони хатти алоқаи нахи нурии Душанбе – Хоруғ – Кулма ба марҳалаи ниҳоӣ расид.
Гузашта аз ин, чанде пеш хидматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман ба фаъолият оғоз намуд. Ин имконияти дастрасӣ ба интернетро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузари кишвар, васеъ намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани фарогирии хизматрасониҳои алоқа мусоидат менамояд.


Дурнамои иқтисодиёти рақамӣ:
мушкилот ва роҳҳои ҳал
Гарчанд дастовардҳои назаррас дар ин самт ба чашм мерасанд, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ талошҳои дастаҷамъона ва истифодаи оқилонаву самараноки имкониятҳои мавҷуда тақозо мешавад. Бояд гуфт, ки барои рушди босуръати рақамикунонӣ дар кишвар се омили асосӣ – таҳкими инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани сатҳи дониши рақамии шаҳрвандон нақши ҳалкунанда дорад.
Имрӯзҳо, бо вуҷуди ба анҷом расондани корҳои зиёди сохтмонию васлгарӣ дар солҳои охир, ҳанӯз ҳам ширкатҳо аз таҷҳизоти куҳнашуда истифода мебаранд. Масалан, бисёри пойгоҳҳои базавии стандартҳои 2G ва 3G, ки ширкатҳо истифода мебаранд, дигар ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Ширкатҳо талош доранд, ки ин таҷҳизотро қисман навсозӣ намоянд, аммо муносибати дуруст ин пурра бо технологияҳои муосир иваз кардани таҷҳизоти фарсуда мебошад. Пойгоҳҳои насли нав на танҳо суръати баланди интернет, балки имкониятҳои васеи рушди ояндаро фароҳам меоранд. Илова бар ин, соҳа ба сармоягузории ҷиддӣ дар бахшҳои дигар ниёз дорад. Масалан, бунёди дата-марказҳо барои амалӣ кардани ҳадафи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба як маркази рақамии минтақавии digital хаб табдил додани Тоҷикистон хеле муҳим аст.
Хулоса, барои расидан ба пешрафти рақамӣ, мо бояд якчанд иқдоми муҳимро амалӣ созем. Аввалан, сармоягузориро ба инфрасохтори шабакавӣ зиёд карда, сониян, ба омодасозии кадрҳои ҷавон ҷиддан таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ тақвият бахшем. Дар натиҷаи татбиқи босамари ин ҳадафҳо, мо метавонем ба сӯйи ҷомеаи иттилоотӣ қадамҳои устувор гузошта, мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати муосир ва пешрафта мустаҳкам намоем.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»