Баргашт Чоп кардан

АШТ. ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАИ МАОРИФЧИЁН БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Дар остонаи Ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз самтҳои муҳими омодагӣ ба ин санаи таърихӣ мебошад.
Дар ноҳияи Ашт барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои хонандагону омӯзгорон тадбирҳои мушаххас амалӣ шудаанд. Тавре мудири шуъбаи маориф Акмал Бурҳонзода иттилоъ дод, дар ноҳия 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 3300 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 34 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Ашт барои рушди соҳаи маориф корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Як қатор муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, ки бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов соли 2022 ба истифода дода шуд, намунаи иқдоми созанда дар самти дастгирии соҳаи маориф мебошад. Ҳамчунин, солҳои охир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти Ашт, №65-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва №7-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ барои фароҳам овардани шароити муносиби таълим ва коҳиш додани мушкилоти вобаста ба норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат кард.
Дар ноҳия дар баробари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба рушди таҳсилоти томактабӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Айни замон дар ноҳия 15 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 13 муассиса давлатӣ ва 2 муассиса хусусӣ мебошанд. Бо дарназардошти марказҳои инкишофи кӯдак, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тақрибан 30 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Меҳробод, Понғоз, Ашт ва шаҳраки Шайдон бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои нави томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалӣ шудани ин иқдом барои зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ низ вусъат гирифтаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№9, 63, 67, 12, 18 бунёди синфхонаи иловагӣ идома дорад.
Маорифчиёни ноҳия Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас, муассисаҳои ободу муҷаҳҳаз ва қадамҳои устувор дар роҳи рушди таълиму тарбия истиқбол менамоянд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”