![]()
Дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода иброз дошт, ки дар сиёсати иқтисодии кишвар саноатикунонии босуръат ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ин рӯ, фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба татбиқи ҳадафҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ равона гардидааст. Яке аз самтҳои муҳими ин раванд рушди саноат мебошад. Дар ноҳия имрӯз 332 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, истеҳсоли 83 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ - июни соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1,5 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 362,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иқтисодӣ таъсиси ҷойҳои нави кор аст. Дар ноҳия 8468 ҷойи кори нав, иловагӣ ва барқароршуда таъсис ёфт, ки нисбат ба соли гузашта 268 ҷой зиёд мебошад. Ба маълумоти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, дар ин давра 1525 сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардид, ки 105 нафари онҳо тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ба шуғл ҷалб шудаанд.
ОБОДОНӢ АЗ МАҲАЛЛА ОҒОЗ МЕЁБАД
Рушди иқтисодӣ вақте аҳамияти иҷтимоӣ пайдо мекунад, ки натиҷаи он дар муҳити зиндагии мардум низ эҳсос шавад. Дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ҳамин ҳадаф идома доранд. Яке аз самтҳои муҳим беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо мебошад.
Бо ҷалби сокинон ва соҳибкорон 37415 метри мураббаъ роҳҳои дохили маҳаллаҳо бетонпӯш ва 10,8 километр роҳ асфалтпӯш шуданд. Ин иқдомҳо танҳо корҳои зоҳирии ободонӣ нестанд. Беҳтар гаштани роҳҳои маҳаллӣ ба ҳаракати бехатари нақлиёт ва пиёдагардон, дастрасии сокинон ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти соҳибкорон таъсири мусбат мерасонад. Аз ин лиҳоз, идомаи чунин корҳо метавонад яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати муҳити шаҳрӣ бошад.
КИШОВАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ ШАҲР
Гарчанде Сино ноҳияи шаҳрӣ аст, кишоварзӣ дар сохтори фаъолияти он ҷойгоҳи худро нигоҳ медорад. Мувофиқи маълумоти фаврӣ, нақшаи кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ барзиёд иҷро гардида, то имрӯз ҳаҷми маҳсулоти ҷамъоваришудаи баҳорӣ ба 5125 тонна расид. Аз ҷумла, 998 тонна ғалла, 1950 тонна картошка ва 2117 тонна сабзавот истеҳсол гашт. Се гармхонаи доимоамалкунанда бо масоҳати 1,67 гектар нишон медиҳад, ки дар шароити шаҳр имконияти рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд аст. Бо истифодаи технологияҳои муосир ин бахш метавонад дар оянда барои таъмини бозори дохилии пойтахт бо маҳсулоти тару тоза саҳми бештар гузорад.
619 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ – НАТИҶАИ ҚОБИЛИ ТАВАҶҶУҲ
Яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии ноҳия маориф мебошад. Дар ноҳия 84 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 123750 хонанда таҳсил мекунанд. Ба таълиму тарбияи онҳо 5273 омӯзгор, аз ҷумла 4205 зан, машғуланд. Аз ин 4674 нафар дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Нишондиҳандаҳо худ аз худ аз миқёси бузурги низоми маориф дар ноҳия шаҳодат медиҳанд.
Дар чунин шароит масъалаи асосӣ на танҳо фарогирии кӯдакон ба таҳсил, балки баланд бардоштани сифати таълим, рушди малакаҳои рақамӣ ва омодасозии хонандагон ба ихтисосҳои оянда мебошад. Қадами муҳим дар ин самт ташкили озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ мебошад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 165 озмоишгоҳи таълимии фанҳои табиатшиносию риёзӣ таъмин шуданд.
Натиҷаҳои хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ қобили таваҷҷуҳ буда, дар соли таҳсили 2025 – 2026 дар даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ 2078 хонандаи ноҳия иштирок намуда, соҳиби 73 медали тилло, 144 медали нуқра ва 402 медали биринҷӣ шуда, дар давраи шаҳрӣ мақоми аввалро ноил гаштанд. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки заминаи муайяни рушди истеъдодҳои ҷавон ташаккул ёфтааст.
АЗ НИШОНДИҲАНДАҲО ТО НАТИҶА
Дар маҷмуъ, таҳлили нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли 2026 нишон медиҳад, ки ноҳияи Сино дар марҳалаи муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ қарор дорад. Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, бунёду навсозии инфрасохтор, рушди маорифу тандурустӣ, дастгирии занону ҷавонон ва корҳои густурдаи ободонию сабзкорӣ аз самтҳои асосии ин раванд мебошанд. Дар баробари ин, масъалаҳое чун идомаи беҳсозии роҳҳо, баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои коммуналӣ, таҳкими назорати экологӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, беҳтар намудани хидматрасонии тиббӣ ва вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳамоно дар маркази таваҷҷуҳ боқӣ мемонанд. Ҳадафи ниҳоӣ бояд он бошад, ки ҳар як нишондиҳандаи иқтисодӣ ба беҳтар шудани зиндагии мардум табдил ёбад, зеро рушди воқеии ноҳияро на танҳо ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ё шумораи иншооти бунёдгардида, балки сатҳи зиндагии сокинон, муҳити тоза, амнияти шаҳрвандон, дастрасии хидматрасониҳои босифат ва эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ муайян мекунад. Бо ҳамин мақсад, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ният дорад, ки фаъолиятро дар самти татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди саноату сохтмон, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, савдою хидматрасонӣ ва хоҷагии коммуналӣ идома диҳад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”