Дар бинои Парлумони Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои ҷашнии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон», «Бозгашти қаҳрамон 2» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва пажӯҳишгарону адибони номвари кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки чопи китоб, тарғиби он, инак, даҳ сол боз ба як рисолати ҷиддии нашрия табдил ёфтааст. Ду маротиба китоби сол эътироф шудани китобҳои рӯзнома далели ин гуфтаҳост.
Китоби нахустин “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ” ном дошта, чеҳраҳои номваре аз рӯшанфикрони кишвар фикру андешаҳои худро дар қолаби мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ навиштаву манзур намуданд. Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» самараи Озмуни якҷояи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо МИМҲД вилояти Суғд буда, бори нахуст бо се забон: тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва бо ҳуруфи форсӣ чоп шуд.
Дилрабо Мансурӣ шахсиятҳои таъсиргузори ҷомеаҳои илмиву адабии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Олмон, Кувайт будани муаллифонро махсус таъкид намуда, изҳор дошт: “Фарҳангиёни хориҷӣ паёми бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанберо ба унвони як нуқтаи бозгашт дар сиёсати фарҳанги муосири Тоҷикистон донистаанд. Тасмимҳои Сарвари кишвари моро, хусусан, муаллифони порсизабони мо баёнгари як роҳбурди фарогир дар заминаи худшиносии миллӣ, тасдиқи ҳувияти таърихӣ ва вуруди фаъол ба гуфтугӯҳои тамаддунии ҷаҳон арзёбӣ намудаанд”.
Таҳияи ин китоб дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз ҷониби Президенти кишвар ва чопи вежашумораи “Ориёнома” сурат гирифт. “Ориёнома”-ро аҳли адаб ва матбуот аз беҳтарин нашрҳои махсуси солҳои охири рӯзнома арзёбӣ кардаанд. Он дар соли ҷорӣ бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ), ҳамчунин бо хатти форсӣ, дар ҳаҷми 72 саҳифа омода ва чоп шудааст. Ба хатти форсӣ чоп шудани рӯзнома қадами нахустин дар доираи таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тавсеи омӯзиши алифбои ниёгон аст.
Ду китоби тозанашри дигари рӯзнома «Бозгашти қаҳрамон», «Бозгашти қаҳрамон 2» давоми мантиқии китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» мебошанд. Қаламкашони дурбини рӯзнома ибтикори таърихии Сарвари кишвар, яъне ба Тоҷикистон овардани як мушт хоки поки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро дар кӯтоҳтарин фурсат бо ду китоб истиқбол кардаанд, ки воқеан ҳам, ҷойи шодмонист.
«Бозгашти қаҳрамон», ки аз рӯзгор ва фаъолияти ибратбахши Нусратулло Махсум қисса мекунад, бо ҳамдастии МИҲД ноҳияи Рашт чоп шуд. Он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардида, маҳсули озмуни дигари рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2017 аст.
«Бозгашти қаҳрамон 2» истиқбол ва ҳамовозии самимии қаламкашони рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар партави ба оғӯши Ватан баргардондани мушти хоки фарзанди сарсупурдаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шуда, барои муаррифии дигарбораи ин қаҳрамон қадами ҷиддӣ аст.
Мавсума Муинӣ низ чопи китобҳои тозаро ҷиҳати татбиқи сиёсати миллатсози Пешвои миллат ва эҳтироми олиашон ба таърихи гузашта корсозу муҳим шинохтаву гуфт: “Мазмуну муҳтавои асарҳои мавриди назар нишон медиҳанд, ки ҳайати эҷодии рӯзнома, кореро анҷом додаанд, ки барои наслҳои имрӯзу оянда, хусусияти маърифатию тарбиявӣ доранд. Ҳарчанд, ин се китоби арзишманд дар як муддати кӯтоҳ таҳия ва нашр шудааст, вале он ранҷи чандсолаи аҳли эҷодро бозгӯ мекунад. Яъне, “Ҷумҳурият” бо дарки ҳадафҳои бунёдии муассисони худ, солҳо пеш бо роҳандозии озмунҳои байналмилалӣ ба гиромидошти арзишҳои таърихӣ ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик рӯ овард. Таваҷҷуҳи зиёиён, олимону муҳаққиқонро ба фаъолияту рӯзгори ибратбахши қаҳрамонони миллӣ ҷалб карда, перомуни бозкушоӣ ва шинохти чеҳраҳои мондагор фазои таҳқиқотиро боз намуд”.
Дилбар Одилзода иқдоми “Ҷумҳурият”-ро зери роҳбарии Қурбоналӣ Раҳмонзода аз дидгоҳи маърифатбахшии ҷомеа, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва гиромидошти хотираи таърихии миллат ва, муҳимтар аз ҳама, бар пояи устувор қарор додани идеологияи миллӣ баланд арзёбӣ кард.
Иқдоми дигаре, ки дар партави рӯнамоии китобҳои ҷашнӣ сурат гирифт, муаррифии китоби “Як пора Хуросонам” аз нависандаи афғонистонӣ Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш мебошад. Муаллиф аз тоҷикони он сӯйи Ому буда, китоби мазкурро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон армуғон намудааст ва ин шахсияти номвари қаламрави форсизабононро нигаҳдору посдори як пора Хуросон, яъне Тоҷикистон – хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон медонад.
Бояд гуфт, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, дар баробари мактаби мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун будан, ҳамзамон, дар даҳ соли охир ду рисолати ҳумоюни дигарро ҳам бар дӯш мекашад, ки инҳоянд: гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва дар заминаи чунин озмунҳо таҳияву нашри китобҳост.
Аз китобҳои дар 5 соли охир чопшуда ду маҷмуаи мақолаҳо – “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” дар соли 2021 ва “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ” дар соли 2024 Китоби соли кишвар баргузида шуданд, ки боз ҳам фараҳафзову ифтихорофаринанд. Иштирокдорон китобҳои тозаи рӯзномаро барои ба ҷовидона сабт кардани корномаи қаҳрамонони Тоҷикистон ибтикори бесобиқа дониста, хостори то сафоратхонаҳо ва ба дасти пажӯҳишгарони хориҷӣ расидани ин дастагули ҷашнӣ шуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Муҳаммадамин ОДИНАЕВ, “Ҷумҳурият”