
Чанде пеш ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти татбиқи низоми электронии идоракунии навбати воситаҳои нақлиёти боркаш ба ин кишвар сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафар бо муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон Элнура Мамбетжунушева ва кормандони мақомоти гумруки ин кишвар вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои татбиқ ва истифодаи низоми электронии навбат, ташкили фаъолияти он дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инфрасохтори техникӣ ва имконияти ҷорӣ намудани чунин низом дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон аз фаъолияти низоми электронии навбат дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Қизил-Кия автодорожный» шинос шуда, раванди пешакӣ ба навбат гузоштани воситаҳои нақлиёт, бақайдгирӣ, ташкили минтақаи интизорӣ ва даъвати воситаҳои нақлиёт ба гузаргоҳи сарҳадиро омӯхт.
Зикр шуд, ки низоми электронии идоракунии навбат дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2024 амалӣ мегардад ва ба коҳиш додани ҷамъшавии воситаҳои нақлиёти боркаш, кам намудани вақти интизорӣ, беҳтар намудани идоракунии ҷараёни нақлиёт мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи маълумоти пешакии гумрук оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади давлатӣ интиқолшавандаро баррасӣ намуданд.
Сипас, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, татбиқи низоми электронии навбат ва мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ таъкид карданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»