Баргашт Чоп кардан

ТУРСУНЗОДА. БО ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХОНАИ ФАРҲАНГИ ШАҲР БУНЁД МЕГАРДАД


Зимни сафари кории Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангу фароғат ба истифода дода шуданд. Иншооти фарҳангӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои фарҳанггиён шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.


Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни суҳбат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки то 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази шаҳр бо тарҳи замонавӣ, сифати баланди меъморӣ ва шароити хуби корӣ хонаи фарҳанг бунёд карда шавад. Вобаста ба иҷрои супориши Сарвари давлат корҳои лоиҳакашӣ, аллакай, оғоз шудаанд. Бинои кунунии хонаи фарҳанг замони Иттиҳоди Шуравӣ сохта шуда, он ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест.
- Барои аҳли фарҳанги шаҳри Турсунзода, махсусан деҳоти 10-солагии Истиқлолият, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду ба истифода додани чунин иншоот туҳфаи арзишманд аст. Деҳоти мазкур ба чунин иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳанг эҳтиёҷ дошт, зеро барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳудуди деҳот иншооти махсуси фарҳангӣ мавҷуд набуд, - мегӯяд мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода Аслиддин Буриев.
Зимнан, дар шаҳри Турсунзода 51 муассисаи фарҳангӣ, бавижа хонаи фарҳанг, боғи фарҳангу фароғат, Мактаби кӯдаконаи санъат, театри халқӣ, Амфитеатр, 33 китобхона, клубҳо дар деҳот, кохи «Дӯстӣ», Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода, Осорхонаи санъати амалию халқии деҳаи Қаратоғ, Боғи 60-солагии Ғалаба фаъолият доранд.


Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»