Дар вилояти Хатлон натиҷаҳои соли таҳсили 2025-2026, дастовардҳои хонандагону омӯзгорон, мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои асосии соҳа барои соли таҳсили 2026-2027 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки соли таҳсили гузашта барои соҳаи маорифи вилоят бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Аз ҷумла, 37 хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» соҳиби аттестатҳои аъло гардида, вилоят аз рӯйи ин нишондиҳанда дар байни минтақаҳои кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят, аз ҷумла гуфт: “Агар соли 2020 маблағгузории соҳа 1 миллиарду 17 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, барои соли 2026 ба соҳаи маориф 2 миллиарду 740 миллиону 578 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, дар зарфи шаш сол ҳаҷми маблағгузорӣ қариб 2,7 баробар афзоиш ёфтааст”.
Дар соли таҳсили гузашта сохтмон, таъмир ва азнавсозии 341 иншооти соҳа бо 2 ҳазору 894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин корҳо 1,2 миллиард сомониро ташкил дод.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 50 иншоот бо 210 синфхона ба истифода дода шуд. Бо вуҷуди ин, дар вилоят ҳанӯз 89 муассисаи таълимӣ ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дорад.
Дар идома бо иштироки Саидзода Раҳим, вазири маориф ва илм, 100 кас бо унвонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, ҷоизаҳои Омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон, Собиқадори соҳаи маорифи вилояти Хатлон, «Соҳибватан» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
Ба 37 ғолиби Озмуни «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» аз ҷониби раиси вилояти Хатлон 10 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ, 370 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, омӯзгорони 37 хатмкунандаи мазкур ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ қадр шуданд, ки 111 ҳазор сомониро ташкил дод.
Илова бар ин, 10 хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи раиси вилояти Хатлон - «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ сарфароз шуданд.
«Парчами сайёри ғолиб» бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насиби ноҳияи Данғара шуд. Ин парчам ҳамасола бо дарназардошти фаъолияти назаррас, пешсафӣ ва натиҷаҳои баландтарин ба яке аз шаҳру ноҳияҳои вилоят супурда мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, ба фаъолони соҳа ва хонандагон 600 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”