Дар Театри мусиқию мазҳакаи ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Шералӣ Мирзо, намояндаи Шурои амният Аҳлиддин Хоҷазода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Ҳайати расмиро дар саҳни бинои Театр аҳли фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо шеъру суруд пешвоз гирифтанд.
Дар қисмати тантанавӣ Шералӣ Мирзо аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Таъкид гардид, ки дар ин муддати начандон тулонӣ Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори зиёд пайдо намуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои тинҷу ороми Тоҷикистони маҳбуб зикр кард, ки истиқлол озодии комили фаъолият дар марзу буми Ватан, иштироки фаъолона дар бунёди давлату Ҳукумат ва ҷамъият, саҳми муносиб гузоштан дар ҳаёти фарҳангию илмӣ, эҷодӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳаёт мебошад. Он озодӣ ва истиқлоли андешаю тафаккурро, ки муҳимтарин хусусияти сириштии инсон аст, фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки зери парчами истиқлол Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар минтақаҳои кишвар дар партави сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули 35 сол ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Аз ҷумла, бо мақсади таҷлили сазовор аз ин Ҷашни муқаддас нақшаи чорабиниҳо қабул гардид ва то имрӯз ба ҷойи 1362 банд 1548 банд иҷро гардид, ки ба 113 фоизи нақша баробар аст. Дар ин замина, 148 иншооти саноатӣ ва 152 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла 101 муассисаи соҳаи маориф ва 51 муассисаи тандурустӣ бунёд гардид.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони касбу кори гуногун дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи ВМКБ қадр гардиданд. Баҳри болидаруҳии ҳозирон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш шуд.
Роҳпаймоии идонаи оммаи васеи мардум дар хиёбони марказии шаҳри Хоруғ ба хотири арҷгузорӣ ба соҳибистиқлолии кишвар, пешрафти мамлакат ва сол ба сол баланд гардидани некуаҳволии шаҳрвандон идомабахши чорабинӣ гардид.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»