Соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои қавии ҳуқуқӣ – қонунӣ такя менамояд. Аз ин нигоҳ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъминкунандаи асосҳои таҳкими истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба ин самти фаъолияти сарвариашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд.
Самараи чунин диққати доимии Пешвои миллат аст, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯй ба ниёзи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқии истиқлолият асос гузошта шуда, сол ба сол собиту маҳкамтар мегардад.
Бузургтарин дастовардии истиқлоли давлатӣ – соҳиб гардидан ба давлатдории мустақили миллӣ мебошад. Комёбии азимтарини ин даврон расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъминии оромии ҷомеа аст. Ба ҳамин маънӣ, Пешвои миллат зикр намуданд: «Истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад». Бинобар ин, хатти марказии фикру ақидаи ҳар яки мо роҷеъ ба истиқлоли давлатӣ ва нақши муҳими он дар сарнавишту бақои миллат бояд аз суханони пурмазмуни Президенти маҳбубамон сарчашма гиранд.
Бақои миллат, пойдории истиқлоли давлатӣ, инчунин, ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдомоти таърихсозонаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки эълони истиқлолият барои миллати тоҷик ба осонӣ муяссар гардид, лек ҳифзи он аз тамоюлҳои пурхатар самараи сарварии иродатмандона ва ғайрату шуҷоати Пешвои миллат аст.
Садоқат ва самимияти хоси Сарвари давлат нисбат ба мафҳуми истиқололият ва муқаддас будани он аз суханрониҳояшон бармеояд, ки ҳамеша ифтихормандонаву сарфарозона истиқлолиятро «неъмати бебаҳои таърихӣ», «шарти ҳастиву бақои миллат», «кафили фардои дурахшон», «муқаддастарину азизтарин неъмат», «рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ», «нишонаи бақову пойдории давлат» ва «рӯйдоди бузурги таърихӣ» эълон дошта, ҳамагонро бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатӣ даъват менамоянд.
Истиқлоли давлатӣ дар баробари неъмати бебаҳо ва дастоварди нодир будан, падидаи ифтихорангез аст, ки масъулияти хос металабад. Дар ҳамин асос, Пешвои миллат доимо самимона аз ҳамватанони хеш даъват менамоянд, ки муқаддасу гаронарзиш будани истиқлолро дарк намуда, ба қадри он бирасанд, зеро бақои истиқлол аз ҳифзи он аз таҳдидҳо ва саҳмгузорӣ дар тақвияти пояҳои он вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мустаҳкамсозии кохи шукӯҳманди истиқлоли давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ нишон дода, ба қадри муқаддасоти истиқлолият бирасем ва шукргузори неъмати бебаҳои истиқлолу озодии Ватан бошем.
Суҳроб РӮШАНЗОДА, раиси суди вилояти Суғд