9-уми сентябр дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори Ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиюпанҷумин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона бо иштироки сокинони пойтахт, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва наврасони накуиқболу хуштолеи даврони соҳибистиқлолӣ ба ифтихори Ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Аз рӯйи ҳаҷм ва шукӯҳ ин калонтарин роҳпаймоии идона дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахти Тоҷикистони азиз буд, зеро дар он беш аз 120 ҳазор нафар ширкат варзиданд.
Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, варзишгарон, бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун», намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои мухталиф, сокинони пойтахт ва ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд.
Ин чорабинии бошукӯҳи идона барои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона дар фазои тантанавӣ бо муҳаббату садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳпаймоӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои идона барои таҳкими ҳисси худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ ва гиромидошти неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ замина фароҳам меоранд.