Баргашт Чоп кардан

ПАНҶАКЕНТ. ҶИЛОИ ТОЗАИ МАКОНҲОИ ФАРҲАНГИИ ДЕҲОТ


Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди муассисаҳои фарҳангӣ, дастгирии аҳли илму адаб ва таҳкими ҷойгоҳи фарҳанг дар ҷомеа равона гардидааст. Маҳз, ба шарофати ҳамин ғамхориҳои пайваста дар саросари кишвар, аз ҷумла дар дурдасттарин деҳот, шароити мусоид барои фаъолияти осорхонаҳо, китобхонаҳо ва хона-музейҳо фароҳам омада, арзишҳои таърихию маънавии миллат ҳифз ва ба насли наврасу ҷавон муаррифӣ мешаванд.
Дар идомаи ин иқдомҳои фарҳангӣ, хона-музейи Нақибхон Шарифзода дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент низ ҳамчун як гӯшаи муҳими таъриху фарҳанги маҳал мақоми хос дорад. Дар ин макони фарҳангӣ насли наврас ва ҷавон бо рӯзгор, фаъолияти адабӣ ва мероси маънавии эшон ошно гардида, аз таъриху фарҳанги зодгоҳи худ бештар огоҳӣ пайдо мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳифзу ободии чунин хона-музейҳо барои пос доштани хотираи гузаштагон, тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ ва таҳкими муҳаббат ба таъриху фарҳанги ниёгон аҳамияти вижа дорад.
Солҳои охир бинои хона-музей ба таъмиру ободонӣ ниёз дошт. Бо дарки масъулияти касбӣ, дастгирии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент” ва кумаки самимонаи наздикони олим, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ анҷом дода шуданд. Дар натиҷа, муҳити дохиливу атрофи хона-музей тозаву озода гардид. Имрӯз ин боргоҳи маърифат бо намои наву обод меҳмонон ва ҳаводорони таъриху фарҳангро истиқбол мегирад. Ин иқдом қадами хурде дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Умед дорем, ки ин макон минбаъд низ барои дӯстдорони таъриху адаб, хонандагону ҷавонон ва меҳмонони шаҳри Панҷакент ҳамчун як гӯшаи ҷолиби фарҳангӣ хизмат хоҳад кард.


Афрӯза САНГИНОВА,
мудири бахши МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии
шаҳри Панҷакент”