Баргашт Чоп кардан

ДАНҒАРА. АЗ ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ТО ТАНТАНАИ ПАРАДИ ҲАРБӢ


Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Зимни он ба як гурӯҳ фаъолон ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.


Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ҳозиринро ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ба гуфтаи ӯ, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандон тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ мегарданд.
Асадулло Раҳмон истиқлоли давлатиро дастоварди бузурги таърихи навини миллати тоҷик арзёбӣ намуда, сулҳу суботи пойдор, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардумро натиҷаи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат маънидод кард. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, бо ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳм мегузорад. Фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои вусъати корҳои созандагиву ободонӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр шуд, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар ободонии маҳал, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи ҳамоиш дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як гурӯҳ кормандон ва фаъолони ноҳияи Данғара бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардиданд.
Ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» муовини раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода гуфт, ки аз тарафи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба шахсони арзанда ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлатӣ, инчунин, ба як гурӯҳ Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.
Маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, барои иштирокдорон ба як рӯйдоди хотирмон табдил ёфт.


Дар ноҳияи Данғара ба ифтихори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид.


Дар парад афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозони захираи сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ бо фарогирии беш аз 3 ҳазор нафар, бо руҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Парчами давлатии ноҳия иштирок карданд. Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интизоми намунавӣ, омодагии баланди касбӣ ва маҳорати ҳарбӣ нишон доданд.
Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ ва марзу буми кишвар нақши калидӣ дорад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ, ташаккули сохтори муосири низомӣ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурии моддию техникӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ инфрасохтори низомӣ рушд карда, заминаҳои моддию техникӣ ва имкониятҳои омодагии касбии хизматчиёни ҳарбӣ тақвият ёфт. Ҳамзамон, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, маънавию ахлоқӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Тарбияи насли ҷавон дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Паради ҳарбӣ дар ноҳияи Данғара таҷассумгари садоқати фарзандони Ватан ба савганди ҳарбӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ гардид. Он бори дигар собит намуд, ки ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлат ва суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»