Баргашт Чоп кардан

НЕЪМАТИ БЕБАҲО


Мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу суботи комил 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва дастовардҳои беназир таҷлил намуданд. Воқеан, истиқлоли давлатӣ, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омад, бузургтарин дастоварди миллати тамаддунофари тоҷик дар тули таърих мебошад. Ин неъмати бебаҳо имкон дод, ки Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ дар ҷаҳон муаррифӣ шавад.


Имрӯз, агар солҳои аввали соҳибистиқлолиро ба ёд орем, рӯзҳои пурдаҳшату фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ иттифоқ афтода буд, пеши назар меоянд. Он замон халқи тоҷик ва давлати тозаистиқлолро имтиҳони душворе пеш омад, ки бояд аз он бо сари баланд мегузашт ва ҳастии худро ҳифз мекард. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сарвар ва роҳнамое ниёз дошт, ки миллатро аз ин тундбоди фоҷеабор раҳо бахшад. Чунин роҳбари хирадпеша дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид шуда, халқи парешон ва дар ҳоли ноумедӣ қарордоштаро ба қаламрави саодат ворид сохтанд.
Ҳоло ҳосили талошҳои пайваставу хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эъмори давлати миллӣ ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста дар ҳар хонадони тоҷик ба мушоҳида мерасад. Аз файзи сулҳу суботи комил сол ба сол пояҳои истиқлоли давлатӣ устувор гардида, аз як ҷашн то ҷашни дигар мардуми заҳматпешаи тоҷик бо ҳидояту роҳнамоии оқилонаи Сарвари хеш ба қаламрави нави рушду шукуфоиҳо ворид мешаванд.
Дар Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ин ҳақиқатро бо чашми сар метавон дид, ки қудрати истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, андешаву тафаккури миллии халқи тоҷик бар мабнои сиёсати бунёдкоронаи Президенти маҳбуби кишвар ба марҳалаи қавитар ворид гашта, саросари Тоҷикистони азиз шукуфову зеботар мегардад. Соли ҷорӣ низ, чун солҳои қаблӣ тадбирҳои созандагӣ вусъат гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ин аст, ки агар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз файзи сиёсати сулҳофарии Президенти маҳбуби кишвар дар радабандии созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои амнияти комилу бехатар барои сайёҳон тавсия шавад, дар назарсанҷиҳои гуногун Душанбе борҳо ба унвони шаҳри амнтарини олам эътироф шудааст, ки мояи сарбаландӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои бебаҳои истиқлоли давлатӣ мебошад.
Саодати миллии мо боз дар он зоҳир мешавад, ки айни ҳол чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва Сарвари давлати моро ба ҳайси сиёсатмадори сулҳҷӯву башардӯст мешиносанд.
Ин ва дигар дастовардҳои бесобиқа дар сиёсати дохилӣ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналмилалӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки дар гиромидошти арзишҳои бебаҳои истиқлолу озодӣ масъул бошем ва дар пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем. Фаромӯш насозем, ки ҳанӯз душманони истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон аз ҳадафҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст набардоштаанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, дар байни мардум ихтилоф андозанд, мардумро ба доми фиребу андешаҳои ифротӣ кашонанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои фурсатталаб фаъол бошем ва нагузорем, ки онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ расанд, зеро муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва равияҳои тундгаро шарти асосии пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон аст.


Парвиз МУЗАФФАРЗОДА,
сардори ШШМ ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, майори милитсия