Баргашт Чоп кардан

БЕХАТАРИИ САНОАТӢ. АЗ ҶАВОБГАРИИ 66 ШАХСИ МАСЪУЛ ТО РОҲАНДОЗИИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи салоҳиятҳои худ тасмим дорад, ки соли равон барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро бо назардошти баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳавӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории техникӣ ва қабули иншооти ҷашнӣ мувофиқи риояи қатъии талаботи бехатарии саноатӣ амалӣ намуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат саҳми назаррас гузорад.

Дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Исмоил Вализода гуфт, ки тайи шаш моҳи соли равон дар Хадамот 4141 корхона ва 24716 иншооти зеризаминӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи нозироти Хадамот дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда ду назорати техникии ғайринақшавӣ анҷом дода шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо муайян гардид, ки ҳарчанд қоидавайронкуниҳо нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, вале ҳоло ҳам чунин амал дар фаъолияти корхонаҳои зериназоратӣ нигаронкунандаанд. Зимни гузарондани назорати техникӣ нозирон 24 банди вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ ду санад - нишондод пешниҳод гардид. Дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаву иншооти зериназоратӣ 34 иҷозатномаи фаъолият дода шуд. Аз рӯйи натиҷаи назоратҳо ва тафтишоти ҳодисаҳои нохуш барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбат ба 66 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид. Маблағи ҷаримаҳо беш аз 225 ҳазор сомониро ташкил кард.


ДАР ҲОДИСАҲОИ НОХУШ 21 КАС ҲАЛОК ШУД
– Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои бехатарӣ дар кишвар дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 32 ҳодисаи нохуш рух дод. Бар асари ин ҳодисаҳо 21 кас ҳалок шуда, 19 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Бо мақсади муайян намудани омилҳои ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаҳо аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ санҷишҳои дахлдор гузаронда, нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои маъмурӣ андешида шуд, – гуфт Исмоил Вализода.

Сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохушро мутахассисони Хадамот, пеш аз ҳама, ба бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, сарфи назар гаштани қоидаҳои бехатарии саноативу технологияи коркарди конҳо, набудани назорати техникӣ, таъмин набудан ба воситаи ҳифзи инфиродӣ, сари вақт нагузарондани омӯзиш ва дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳа рабт медиҳанд. Омилҳои техникӣ ва табиӣ ин резиши ҷинсҳои кӯҳӣ, фурӯравии нақбҳо, ҷамъшавии газҳои заҳрнок, лағжиши нишебиҳои кон, афтидани бор ҳангоми кори кранҳо, шикастани ресмонҳо ва механизмҳои борбардор, аз меъёр зиёд бор кардани кранҳо ва кафидани зарфҳои зери фишор коркунанда мебошанд.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ, кормандони Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12 семинар-машварати техникӣ баргузор намуд. Ин чорабиниҳо ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар иншооти хатарнок, аз ҷумла ҳангоми омӯзиши геологӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истифодаи маводҳои тарканда, фаъолияти нуқтаҳои газпуркунӣ ва базаҳои гази моеъ, корхонаҳои металлургӣ, инчунин, ҳангоми истифодаи аттраксионҳо, кранҳо, лифтҳо ва зарфҳои зери фишор коркунанда равона гардиданд. Илова бар ин, масъалаҳои бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ЭЛЕКТРОНИИ СУБЪЕКТҲО ТАҲИЯ ШУД
Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, № 483 «Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Хадамот феҳристи ягонаи электронии субъектҳо тарҳрезӣ шуд. Татбиқи низом имкон медиҳад, ки маълумот оид ба иҷозатномаҳо, натиҷаҳои санҷишҳо, ҳолати техникии субъектҳо дар шакли электронӣ нигоҳдорӣ ва ба таври онлайн назорат шаванд.
Нимсолаи аввали соли равон барои Хадамот марҳалаи муҳими ташаккули заминаҳои устувори рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат Хадамот ҷиҳати гузариш аз низоми анъанавии ҳуҷҷатгузорӣ ба муҳити ҳифзшудаи электронии идоракунӣ (Secure Digital Environment) корҳои назаррасро ба сомон расонд. Ҳамчунин, бо мақсади амалишавии сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва рушди ҳукумати электронӣ дар сохтори Хадамот шуъбаи нав таъсис дода шуд.


РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Хадамот ҳамчун узви Шурои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба бехатарии саноат фаъолият дошта, 9-10-уми июли соли равон намояндагон дар ҷаласаи 24-уми Шурои мазкур, ки дар шаҳри Мински Беларус баргузор шуд, иштирок намуданд. Инчунин, аз соли 2024 байни Хадамот ва раёсати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкории Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум амал мекунад. Дар доираи ин ҳамкорӣ 20 корманди Хадамот дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Чин ширкат намуда, бо технологияҳои пешрафтаи таъмини бехатарии конҳои ангишт ва низоми мониторинги онлайни конҳо шинос шуданд.
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ минбаъд низ иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои бехатариро дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ зери назорати доимӣ қарор дода, барои таъмини бехатарии кормандони объектҳои истеҳсолии хатарнок тадбирҳои заруриро амалӣ мекунанд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”