Баргашт Чоп кардан

ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқадори соҳа Дилмурод Давлатзода ҳузур доштанд.

Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, истиқлол мафҳуми арзишманд мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар миллат аст. Соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим гузошт. Дар ин давра низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқию ташкилии таъминоти иҷтимоӣ ва нафақавӣ таҳким ёфтанд. 
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки танҳо дар шароити суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии мамлакат мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҳадафҳои болотару зиндагии шоистатар сарфароз хоҳанд гашт. Дар ин ҷода саҳм ва талоши ҳар як шаҳрванд, пеш аз ҳама, ҷавонон бисёр муҳим мебошад. Моро зарур аст, ки андешаи ҳифзи истиқлоли давлатиро ҳамеша дар меҳвари андешаву суханронӣ ва мавқеъгириҳои шаҳрвандии хеш қарор дода, дар ҳеҷ маврид нисбат ба он беэҳтиромӣ нанамоем.
Қисмати муҳими чорабинӣ ба қадрдонии кормандони фаъол ва шахсони дар рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа саҳмгузошта бахшида шуд. Як қатор кормандон бо нишони сарисинагии Аълочии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, сипосномаву ифтихорномаҳои Агентӣ сарфароз гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ва иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ шукӯҳ бахшида, онро ба ҳамоиши хотирмон табдил дод.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”