Дар ҷомеа инсонҳое ҳастанд, ки муҳаббаташон ба Ватан на танҳо дар сухан, балки дар амали созандаашон зоҳир мегардад. Онҳо дарди ҷомеаро дарди худ эҳсос мекунанд, ба мушкилоти мардум бетараф намемонанд ва то имкон доранд барои ободии маҳали зист ва беҳбуди зиндагии мардум саҳм мегузоранд. Хусусан, вақте ин иқдом ба таълиму тарбияи насли наврас ва ояндаи фарзандони миллат равона мешавад, арзиши он боз ҳам бештар мегардад.
Мардуми ноҳияи Лахш низ аз корҳои хайру созандаи чунин шахсони ватандӯсту саховатманд баҳраманд ҳастанд. Имсол дар арафаи Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва дар пайравӣ ба ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Абдувалӣ Пирназаров, яке аз фарзандони фарзонаи ноҳия, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳаи Сафеддара навсозӣ ва дар назди он 4 синфхонаи иловагӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони дарсӣ ба истифода дода шуд. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Илиёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кароматулло Холзода, раиси ноҳияи Лахш, дар расми ифтитоҳи синфхонаҳои нав ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои навсозишудаи Муассиса иқдоми созандаи Абдувалӣ Пирназаровро шоистаи таҳсин дониста, онро намунаи беҳтарин амали ватандӯстонаву савобкорӣ арзёбӣ намуданд.
Тавре зикр шуд, синфхонаҳои иловагӣ бо 18 компютер, мизу курсиҳои махсус, тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти дарсгузарӣ таъмин мебошанд. Ҳамзамон, саҳни Муассиса сементпӯш гардида, гӯшаҳои он бо гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз зебову обод карда шудаанд. Дар канори васеи саҳни Муассиса, ки чанд садякро ташкил медиҳад, лавҳаи хуштарҳ дар бораи 6 тан Қаҳрамони Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Навсозии МТМУ №13 муҳимтарин иқдом барои беҳбудии соҳаи маориф мебошад. Бахусус, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи фарзандони деҳа корест ояндасоз.
Имрӯз дар деҳоти кишвар сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ бо маблағгузории давлатӣ, саҳми соҳибкорон, шахсони саховатманд ва сокинони маҳаллӣ вусъат ёфта истодааст. Бунёди ҳар як мактаби нав маънои онро дорад, ки садҳо кӯдак имкони беҳтари таҳсил пайдо мекунанд ва барои ояндаи худ ва ҷомеа қадами устувортар мегузоранд.
Фараҳрӯз ЛОИҚЗОДА, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДОТ дар ноҳияи Рашт, муаллими калон