Баргашт Чоп кардан

ОСОРХОНА. НАҚШИ ЯК МУАССИСА ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХӢ


9-уми сентябр мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Ин сана фурсати муносибе буд барои ҷамъбасти роҳи тайкардаи давлату ҷомеа ва арзёбии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ. Дар ин раванд осорхонаҳо ҳамчун муассисаҳои муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ нақши махсус доранд.


Осорхона танҳо маҳали нигоҳдории ашёи таърихӣ нест. Он тавассути ҳуҷҷатҳо, аксҳо, асарҳои санъат ва дигар осори моддию маънавӣ рӯйдодҳои муҳими таърихиро ҳифз ва ба ҷомеа муаррифӣ менамояд. Аз ҳамин сабаб, толори «Истиқлол»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» ҷойгоҳи муҳим дорад.
Толори «Истиқлол» ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйдодҳои муҳими таърихи навини кишвар бахшида шудааст.
Яке аз бахшҳои муҳими толор ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин ҷо аксҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар маводи иттилоотии ба намоиш гузошташуда ба тамошобинон имкон медиҳанд, ки бо марҳалаи муҳими таърихи давлатдории навини Тоҷикистон шинос шаванд.
Бахши махсус таҳти унвони «Тоҷикистон: 35 соли рушд ва бунёдкорӣ» роҳи тайкардаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд. Тавассути маводи тасвирӣ тамошобин метавонад бо дигаргуниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шинос шавад. Инчунин, дар толор гӯшаи махсуси қаҳрамонони Тоҷикистон ҷой дорад, ки дар он фаъолияти шахсиятҳои барҷастаи кишвар муаррифӣ мегардад. Дар долони толор ба шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ низ гӯшаи алоҳида ҷудо шудааст.
Бахши «Тоҷикистон – роҳ ба арсаи ҷаҳонӣ» муносибатҳои байналмилалии кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ инъикос мекунад.
Аҳамияти асосии толори «Истиқлол» дар он ифода меёбад, ки маводи он танҳо маҷмуи аксҳо ва ашёи таърихӣ нест. Экспозитсияи толор таърихи даврони соҳибистиқлолиро ҳамчун раванди пайвастаи давлатсозӣ ва рушди ҷомеа ба тамошобин пешкаш менамояд.
Аз Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ то сулҳу ваҳдати миллӣ, аз рушди кишоварзӣ ва саноат то энергетика, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, захираҳои табиӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ – ҳамаи ин самтҳо дар як фазои экспозитсионӣ ба ҳам пайвастаанд.


М. МИЗРОБЗОДА,
директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент»