Баргашт Чоп кардан

НАҚШИ МЕДИАТЕКА ДАР ТАҲКИМИ ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ДАСТУРҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2012 дар Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, аз сомонаҳои иҷтимоӣ маълумот доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ҷамъ меоварад. Ҳамзамон, ташкил ва таъсиси фонди аудио-видеоии Медиатека, таҳияи наворҳои видеоӣ ва китобҳои гӯёи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои калидии Медиатека ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои (Феҳристи адабиёт) “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав”, силсилаи китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019 – 2021), (Феҳ-ристи адабиёт), “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Садои мардум” (1992 – 1996), “Феҳристи маҷаллаи Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1993 – 2003) бо ду забон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои “Народная газета” (1992 – 2000) (Нишондиҳандаи биб-лиографӣ) ҷилдҳои 1 ва 2, “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1992 – 2024) феҳристи адабиёт, моҳияти чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи адабиёт иборат аз “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “Саноатикунонии босуръати кишвар”, инчунин, “Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ” ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таҳия намудааст.
Феҳристи “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба корнамоиҳо ва шоҳкориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1992 – 2023 анҷомдода таҳия гардида, дар он ҳадафҳои тарбиявӣ аз самтҳои ҷамъиятию қоявӣ, ахлоқию маънавӣ, башардӯстию таҳаммулпазирӣ ва амсоли инҳо таркиб ёфта, масъалаҳои муҳими дигар, ба мисли тарбияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ташаккули сирати миллӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ватандӯстӣ, ваҳдат, ҳуқуқу озодиҳо ва шахсияти инсон мақоми хос доранд.
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари ҳунарҳои миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ” барои муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, омӯзгорон ва, умуман доираи васеи хонандагон таҳия гардид.
Дастури библиографии “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инъикоси фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он фаъолияти даҳсолаи ин маҷалла аз соли 1993 то соли 2003 инъикос ёфтааст.
“Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир” дастури библиографӣ дар бораи дӯстию бародарӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад, ки бо саъю талошҳои марди шуҷоъ ва дурандеш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зинаҳои баланд баромад.
Китобномаи мазкур бо мақсади нишон додани дӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидани самтҳои гуногуни муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва робитаҳои дӯстию бародарӣ таҳия гардидааст.
Феҳристи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудани китобҳои нав мунтазам такмил меёбад. Дар фонди он имрӯз 1431 нусха китоб (1172 адад ба забони тоҷикӣ, 234-то ба забони русӣ, 25 китоб ба забонҳои хориҷӣ ва дар хориҷа нашргардида) нигоҳ дошта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки 127 китоб – асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт дар бораи Пешвои миллат дар толори Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки таҳкими ҳамкориҳоро Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (телевизионҳои "Тоҷикистон", "Сафина", "Душанбе", "Ҷаҳон-намо", "Баҳористон") ва дигар муассисаҳои дахлдор роҳандозӣ намудааст ва оянда низ ҷоннок кардани ҳамкорӣ бо ин муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст.


Абубакр МАНОНЗОДА, сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон