Баргашт Чоп кардан

ҲИСОР. ИФТИТОҲИ БОРГОҲИ НАВИ МАЪРИФАТ


Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода як қатор иншооти нави таълимӣ ва иҷтимоиву варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, меҳмонон ба деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таълимии №30 иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, саҳми мардуми меҳнатқарини шаҳри Ҳисорро дар корҳои созандагиву ободонӣ муҳим арзёбӣ кард.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 1754 иншоот ба нақша гирифта шуда, ҳамаи онҳо ба истифода дода шуданд. Ин дастовард натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва иқдомҳои созандаи сокинони бонангу номуси шаҳр арзёбӣ гардид.
Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба шаҳри бостонии Ҳисор мардуми меҳнатқарини шаҳрро барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат ва саҳми арзандаашон дар корҳои созандагӣ баланд арзёбӣ намуданд. Имрӯз низ сокинони шаҳри Ҳисор бо ташаббусҳои созанда дар ободии маҳал ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Дар бунёд ва ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 саҳми роҳбарони хоҷагиҳо, масъулони ҷамоату маҳаллаҳо ва сокинони деҳаҳои Муъминобод ва Чилчанор назаррас мебошад.
Дар идомаи боздид Дилрабо Мансурӣ ва Ҷаббор Носирзода дар деҳаҳои Хоҷасиддиқ ва Турдиқишлоқи деҳоти Дурбат низ як қатор иншоот, аз ҷумла ду майдончаи варзишро, ба истифода доданд. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бунёд гардидаанд.
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таълимӣ, иншооти иҷтимоӣ ва майдончаҳои варзиш бозгӯйи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаҳои маорифу варзиш, таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”