Чанде пеш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид ал-Амирӣ мулоқот намуд. Он дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти робитаҳо миёни низомҳои бонкию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориҳои мустақим миёни низомҳои бонкии ду кишвар, рушди муносибатҳои муросилотӣ баён намуда, ба аҳамияти мубодилаи таҷриба ва дониш дар самтҳои муосири фаъолияти низоми молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, амнияти киберӣ, комплаенс ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахши бонкӣ, таъкид карданд.
Дар идома раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди минбаъдаи бахши суғурта ва омӯзиши таҷрибаи Давлати Кувайт дар ин самт изҳор намуд. Инчунин, бо назардошти таҷрибаи Давлати Кувайт дар соҳаи молияи исломӣ густариши ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам миёни ҷонибҳо дар самти бонкдории исломӣ таъкид гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”