Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ


«Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».


Эмомалӣ РАҲМОН


Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини кишвари мо истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омад. Дар ин давра, яъне дар 35 соли соҳибистиқлолӣ рушди фарҳанг, маориф, илм ва китобхонӣ, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа, таъмин гардид. Мусаллам аст, ки китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва нигоҳдории мероси фарҳангии миллат мебошад.
Китоб дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Тавассути мутолааи осори адибони классику муосир насли ҷавон бо таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ бештар шинос мешавад. Дар давраи истиқлол таваҷҷуҳ, махсусан ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангиву адабии тоҷикон, бештар шуд. Нашри китобҳо, баргузории намоишгоҳҳои китоб, конференсияҳо, маҳфилҳои адабӣ ва озмунҳои китобхонӣ барои баланд бардоштани шавқи ҷомеа ба мутолааи китоб мусоидат намуданд.
Пешрафти технологияҳои рақамӣ ба фарҳанги китобхонӣ низ таъсири калон расондааст. Агар пештар хонанда бештар ба китобҳои чопӣ такя мекард, имрӯз китобҳои электронӣ ва захираҳои рақамӣ низ васеъ истифода мешаванд. Ин тағйирот имкониятҳои нав фароҳам меорад. Аз ҷумла, хонанда метавонад аз телефон, планшет ё компютер ба маълумоти зарурӣ зудтар дастрасӣ пайдо кунад. Аммо, новобаста ба рушди технология, арзиши китоби чопӣ ҳамчун қисми фарҳанги миллӣ ва маънавии ҷомеа боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, вазифаи асосӣ дар шароити муосир на муқобил гузоштани китоби чопӣ ва электронӣ, балки истифодаи дурусти ҳар ду шакли мутолаа мебошад.
Хулоса, дар тули 35 сол китоб ҳамчун муҳимтарин воситаи маърифат, тарбия, худшиносии миллӣ ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ мавқеи худро нигоҳ дошт. Барои оянда зарур аст, ки фарҳанги китобхонӣ дар байни ҷавонон боз ҳам рушд дода шавад. Оила, мактаб, донишгоҳ, китобхона ва ҷомеа дар ин самт якҷоя фаъолият намоянд, зеро ҷомеаи китобхон донишманд, соҳибмаърифат ва дорои тафаккури созанда мебошад.


Шоҳина ИСОЕВА,
сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ