Баргашт Чоп кардан

ҶАББОР РАСУЛОВ. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАВСЕАИ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ

Солҳои охир рушди соҳибкорӣ ва тавсеаи истеҳсолот ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов табдил ёфтааст. Афзоиши шумораи соҳибкорон, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави кор нишон медиҳанд, ки бахши хусусӣ тадриҷан мавқеи худро дар иқтисоди ноҳия устувор мекунад.


Имрӯз дар ноҳия 7434 нафар соҳибкори хурду миёна ба фаъолияти иқтисодӣ машғул аст. Бидуни шак, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ҷалби сармоя мебошад. Айни замон дар ноҳия 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо то имрӯз 7 миллиону 804 ҳазор доллари ИМА аз худ шудааст.
Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ташкили истеҳсолоти нав ва барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ҳадафи аслӣ истеҳсоли бештар, истифодаи самараноки имкониятҳои маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 76 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумора 41 корхона фаъолияти доимӣ ва 35 корхона фаъолияти мавсимӣ доранд.
Дар ин корхонаҳо 947 нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мебошад. Яке аз нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ дар солҳои охир афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Аз соли 2022 то имрӯз дар ноҳия 55 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ташкил шуда, дар натиҷа, беш аз 546 ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон ҳафт корхонаи нав ба соҳаи саноат ворид шуда, ба истеҳсоли оби нӯшокӣ, хишти сементӣ ва дару тирезаҳои пластикӣ машғул гардиданд. Дар ин корхонаҳо беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуд.
Дар маҷмуъ, корхонаҳои навтаъсиси ноҳия истеҳсоли 19 намуди маҳсулотро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия коркарди пахта, истеҳсоли ҷуворимаккаи шириншуда, истеҳсоли моеъ барои шустани оинаи воситаҳои нақлиёт, дӯхти либоси мактабӣ ва дигар намуди истеҳсолот ба роҳ монда шудааст. Гуногунрангии истеҳсолот муҳим аст, зеро ҳар қадар номгӯйи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ зиёд гардад, ҳамон қадар имкони истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва қонеъ намудани талаботи бозор бештар мешавад. Коргоҳҳои хурд, истеҳсолоти оилавӣ ва корхонаҳои миёна низ метавонанд дар ин раванд нақши назаррас дошта бошанд.
– Ҳоло вазифаи асосӣ ин нигоҳ доштани суръати рушд, таъмини корхонаҳои мавҷуда бо ашёи хом, васеъ кардани бозори фурӯш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорону соҳибкорон мебошад, – мегӯяд раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода, – зеро рушди устувори истеҳсолот ба зиёд шудани ҷойҳои нави кор, боло рафтани иқтидори иқтисодии ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”