![]()
Мақоми устоду омӯзгор барои миллати мо дар зинаи арҷмандӣ қарор дошта, ин табақаи ҷомеаро ҳамагон ҳамчун чароғи рӯзгор, роҳнамо ва машъалафрӯзи зиндагии инсонҳо пазируфтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониву паёмҳои хеш ба масъалаҳои маориф ва мақому мартабаи омӯзгор назари тозаи худро баён намуда, эҳтироми мактабу маориф ва омӯзгорро бо эҳтироми миллат баробар донистаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 31-уми августи соли равон дар мулоқоти навбатии хеш бо кормандони соҳаи маориф ба мактабу маориф аҳамияти дигарбора дода, ба ҳозирин гӯшрас намуданд, ки таълиму тарбияи дурусту мақсадноки шогирдон омили муҳими умри ҷовидонаи миллату давлат мегардад.
Барҳақ иброз шуд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Воқеан, вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои фалокатбор дорад.
Ин аст, ки шоир фармуда:
Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!
Нақши занон, алалхусус модарон, дар рушду инкишофи ҷамъияти имрӯза бениҳоят бориз буда, фаъолияти онҳо дар рушди соҳаҳои фарҳанг, кишоварзӣ ва иқтисод беназир мебошад. Махсус таъкид гардид, ки ҷойгоҳи бонувон дар соҳаи маориф басе назаррас ва барҷаста аст.
Имрӯз иҷрои рисолати омӯзгорӣ ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулият-шиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазифа ва рисолати омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир гуфтаанд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Суман ТОИРӢ,
директори МТМУ №10-и шаҳри Кӯлоб,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон