Аё эй қаҳрамони аср,
Аё эй марди майдонҳо,
Туӣ фарзанди Зардушту Курушу Оли Сомонам!
Бизӣ сад аср!
Мисоли як фаришта омадӣ аз осмонҳо
ҷониби ин халқи саргардон,
Кушуда чун Ҳумое боли худ болои ин миллат,
Сипар гаштӣ барои Меҳану давлат!
Чи сахтиҳо кашидиву гузаштӣ борҳо аз худ,
Ки то гардад сари тоҷик аз нав боз ҳам боло!
Ҳар он кас қадри ин ранҷат надонад кӯр хоҳад шуд,
Залилу хор аз мо дур хоҳад шуд!
Парвина ОЛИМОВА, омӯзгор