Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. «НАВРӮЗ» АВВАЛИН ШУДА, НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО ИҶРО КАРД


Хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар мавсими имсола аввалин шуда дурнамои ҷамъоварии пахтаро дар вилояти Хатлон иҷро кард. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» боздид намуда, саҳмдорону пахтачинони фаъолро ба муносибати иҷрои барвақти дурнамои истеҳсоли пахта табрик кард. Бо мақсади қадрдонӣ аз меҳнати шоёни кишоварзон ба роҳбари хоҷагӣ, саҳмдорон ва пахтачинони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» аз соли 2003 инҷониб фаъолият дошта, майдони умумии заминҳои он 124 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин масоҳат 66 гектар ба парвариши пахта ҷудо гардида, дар 15 гектар гандум, 5 гектар ҷав, 3,6 гектар картошка, 7,2 гектар сабзавот, 11,2 гектар ҷуворимаккаи силосӣ ва 16 гектар алафҳои бисёрсола кишт шудааст. Шумораи саҳмдорони хоҷагӣ 148 нафарро ташкил медиҳад. Кишоварзони хоҷагӣ бо истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва заҳмати содиқона тавонистанд дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намоянд ва ба нуқтаҳои қабул 132,6 тонна пахта супоранд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26 сентнерро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон меҳнати содиқонаи роҳбарият, саҳмдорон ва пахтачинони хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-ро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, иҷрои барвақти дурнамои пахтаро дастоварди муҳими меҳнатӣ номид.
«Иқдоми хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” нишон медиҳад, ки бо меҳнати софдилона, истифодаи самараноки замин ва риояи талаботи агротехникӣ метавон ҳосили фаровон ба даст овард. Ин натиҷаи хуб бояд барои дигар хоҷагиҳои пахтакори вилоят намунаи ибрат гардад», – таъкид кард Давлаталӣ Саид.
Инчунин, раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Қаҳрамон» ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳамроҳ шуд. Зимни иштирок дар маъракаи пахтачинӣ Давлаталӣ Саид бо саҳмдорон ва пахтачинон суҳбат намуда, ба онҳо барои меҳнати содиқона ва саҳми арзандаашон дар таъмини ҳосили фаровон изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи пахта яке аз вазифаҳои муҳими кишоварзон буда, саҳми ҳар як деҳқон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар муҳим мебошад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”