Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


КАЛИДКАЛИМА

Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз ҳар як калима вожаи наве бисозед.


Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН


Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО

Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон:

935 35 51 50

Масъули рубрика Ш. ШОКИР

ГЕНЕРАЛ ҶЕЙМС БАРРИ

Достони зане, ки тамоми умр мардона зиндагӣ кард


Генерал Ҷеймс Барри, тули фаъолияти 46-солаи худ, ҳамчун ҷарроҳ ҳазорон нафар шаҳрванд – аз Африқои Ҷанубӣ то Ямайкаро ҷарроҳию табобат кард. Соли 1826 яке аз нахустин амалиётҳои муваффақи қайсариро дар Африқо анҷом дода, ҳаёти модару кӯдакеро наҷот дод.

Аҷиб ин ки танҳо пас аз маргаш маълум шуд, ки генерали британиёӣ дар асл зане бо номи Маргарет Энн Балкли буда, тамоми умр мардона кору зиндагӣ кардааст. Ҳамааш аз он шуруъ шуд, ки чун дар ибтидои асри XIX дари донишгоҳҳои тиббӣ ба рӯйи занон дар Британия баста буданд, соли 1809 Маргарети ҷавон маҷбур шуд, ки барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ худро дар либоси мард зоҳир кунад. Ӯ барои пинҳон намудани қомати занона дар гармои минтақаи тропикӣ ҳам палтои васеъ мепӯшид.

Гуфта мешавад, ки Маргарет ба хотири ҳуқуқ пайдо кардан ба таҳсил ва хидмат ба беморон достони зиндагии худро чунин ранг бахшидааст, ки ин роз тамоми умр ҳатто аз ҳамсафонаш, пинҳон монд.

Таҳияи Наргис АТОЕВА

БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…

НОРМАН ЛЛОЙД КУҲАНСОЛТАРИН АКТЁРИ ФАЪОЛ

Ҳаводорони синамо дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори беҳтарин ҳунармандон хеле зиёд медонанд. Ба гумони ғолиб, огоҳанд, ки кадоме аз ситораҳои Ҳолливуд имрӯз чӣ гуна давлати пирӣ меронад ва ё сармояи худро чӣ навъ сарф кардан дорад. Вале шояд кам касоне огоҳ бошанд, ки миёни собиқадорони синамо онҳое, низ ҳастанд, ки, қатъи назар аз синну сол, қариб то дами марг барои мухлисони худ нақш офаридаанд. Фарзи мисол дар синни 104-солагӣ.

Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки яке аз машҳуртарин ситораҳои синамо Норман Ллойд охирин нақши худро соли 2018 дар синни 104-солагӣ бозидааст. Дар ин синну сол ба Норман нақши қаҳрамони асосӣ Бастер Китонро дар филми «Бастери бузург» бовар карданд, ки шахсан бо ӯ ошноӣ дошт.

Ҳамин тавр, Норман Ллойд куҳансолтарин ҳунарманди фаъол дар синамо ёд мешавад. Норман соли 2021 дар синни 106-солагӣ аз олам чашм мепӯшад.

Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА

ЕВГЕНИЙ ЛЕОНОВ:

“БО ҲАМ МЕҲРУБОН БОШЕД”

Евгений Леонов, Ҳунарпешаи халқии СССР, зиндагиро дар ҳалқаи ҳамдигарӣ зеботар мебинад ва мегӯяд:

– Ҳеҷ боке надорад, агар филм тамошо мекунед ё бо мусиқии фораме гӯшҳоро навозиш медиҳед, бо нафаре телефонӣ ҳамсуҳбат ё бо кори дигаре саргарм мешавед. Аммо мутмаинам ҳеҷ яке аз инҳо ба шумо ҳиссеро намедиҳад, ки аз гармии нигоҳи инсонҳо дармеёбед. Ба чашми ҳамдигар аз экран не, аз наздик нигоҳ кунед, дар он гармиву нурро, асли одамро мебинед.

Бо хушнудӣ зиндагӣ намудан, бе ҳеҷ сабаб хушҳолӣ карданро омӯзед, мисли кӯдакон. Агар мабодо ғамгин шудед, нафареро ба оғӯш гиред, бо ӯ ҳамсуҳбат шавед ё як пиёла чой нӯшед. Бовар кунед, ҳеҷ чиз аз меҳру муҳаббат миёни инсонҳо боарзиштар нест. Бо ҳам меҳрубон бошед.


Аз русӣ тарҷумаи М. ҚОДИРОВА

СОЛИ 1960

Иродаи инсон бар бузургтарин уқёнус ғалаба кард

Ҳодисаи ба садама дучор шудани киштии ҳарбии қувваҳои шуравӣ бо сарварии сержанти хурд – Зиганшин Асхат дар халиҷи Касаткаи канори уқёнуси Ором, соҳили ҷазираи Итуруп 17-уми январи соли 1960 собит месозад, ки иродаи инсон бузургтар аз ҳар чизи дигар аст.

Зиганшин бо ҳамроҳии 3 аскари қаторӣ – Филипп Поплавский, Анатолий Крючковский ва Иван Федотов барои киштиҳои боркашро ба баҳр баровардан қариб 50 рӯз боз дар дохили яке аз онҳо зиндагӣ мекарданд. Он саҳар туфони пуршиддат таноби киштиро аз соҳили ҷазира канда, онҳоро ба раҳгумӣ дучор намуд.

Ба нақли худашон, 49 рӯз, то ин ки аз тарафи сарбозони амрикоӣ наҷот ёбанд, дар муқобили бераҳмиҳои уқёнус мубориза бурданд. Захираи хӯроку оби онҳо ба охир мерасид. Ҳар рӯз 800 грамм вазни худро аз даст медоданд. Дар ин муддат вазни Зиганшин аз 80 ба 40 килограмм расид.

Ҳангоми ба дасти наҷотдиҳандагон расидан Зиганшин нақл мекунад, ки онҳо дар охирин лаҳзаҳо аз ноилоҷӣ ҳатто тасма ва пойафзолҳои чармиашонро пора карда, мехӯрданд.

Танҳо иродаи қавӣ ва бовару умед боис шуд, ки ҳайат аз асорати баҳри азим раҳо шаваду зинда бимонад.


Таҳияи Мустафо МУҲАММАДЗОДА


АҶИБТАРИН ҶОЙ ДАР РӮЙИ ЗАМИН


Атакама дар сайёраи мо аз мавзеъҳое дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад, ки дар он қариб ҳеҷ гоҳ борон намеборад. Биёбонеро мемонад, ки ҳатто бо гузашти солҳо дар баъзе минтақаҳои он боришот умуман мушоҳида намешавад.

Аммо чизи аз ҳама аҷиб шабона рӯй медиҳад. Вақте ки осмон торик мешавад, дар болои биёбон ҳазорҳо ситораҳои дурахшон пайдо мегарданд. Ҳаво он қадар тоза аст, ки олимон дар он ҷо телескопҳои бузург сохтаанд, то сайёраҳо ва галактикаҳои дурро мушоҳида кунанд.

Рӯзона Атакама хушк ва беҷон менамояд, аммо шабона он ба як подшоҳии ҳақиқии ситораҳо табдил меёбад. Аз ҳамин сабаб, Атакамаро яке аз ҷойҳои ғайриодитарини сайёраи мо мешуморанд.


Таҳияи Лайло ЛАТИФЗОДА

ГАРОННАРХТАРИН БИНОИ ОСМОНБӮС

Тибқи иттилои сомонаи rbc.ru, айни замон миёни иншооти осмонхарош бинои New World Trade Center (ИМА), ки бо номи Манораи озодӣ низ шуҳрат дорад, гароннархтарин ба ҳисоб меравад.

Зикр мешавад, ки дар сохтмони он, асосан, масолеҳи сохтмонии оҳанубетон, пӯлод ва шиша истифода шудааст.

Бинои New World Trade Center дар маркази шаҳри Ню-Йорк – маҳаллаи Манҳэттен қомат афрохта, 541,3 метр баландӣ дорад ва барои бунёдаш 3 миллиарду 900 миллион доллари ИМА сарф шудааст.

Таҳияи Ш. АБДУЛЛО


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ

ПАРҲЕЗ

Дар беморхона:

– Аз ҳамин рӯз иборат, ҷонакам, сахт парҳез мекунӣ. На сигор мекашӣ, на шароб менӯши, на тарабхона меравӣ ва на бозор…

– Духтурҷон, то доруҳоям тамом шудан, албатта?

– Не, то ҳамаи қарзҳоятро ба ман баргардондан.


Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


СНАЙПЕР

Дар комиссариати ҳарбӣ:

– Мебахшед, шумо маро бояд тамоман аз хизмат озод мекардед. Чӣ хел бо 40 фоиз биноии чашм ман снайпериро ба уҳда гирам?

– Шумо, писарам, парво накунед. Ҳангоми амалиёт ба чор тараф паррондан гиред. Ҳамин, ки снайпери душман аз камингоҳаш сар баровард, рафиқони солимат зуд ӯро ба нишон мегиранд.


Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА

ГАРОННАРХТАРИН БИНОИ ОСМОНБӮС

Тибқи иттилои сомонаи rbc.ru, айни замон миёни иншооти осмонхарош бинои New World Trade Center (ИМА), ки бо номи Манораи озодӣ низ шуҳрат дорад, гароннархтарин ба ҳисоб меравад.

Зикр мешавад, ки дар сохтмони он, асосан, масолеҳи сохтмонии оҳанубетон, пӯлод ва шиша истифода шудааст.

Бинои New World Trade Center дар маркази шаҳри Ню-Йорк – маҳаллаи Манҳэттен қомат афрохта, 541,3 метр баландӣ дорад ва барои бунёдаш 3 миллиарду 900 миллион доллари ИМА сарф шудааст.

Таҳияи Ш. АБДУЛЛО


«OBSESSION»

Филме, ки дили ҳам тамошобинон ва ҳам мунаққидонро тасхир кард

Тибқи иттилои сомонаҳои интернетӣ, дар саноати филмсозии олам воқеаи ғайричашмдошт рух дод. Филми коргардони ҷавони амрикоӣ Карри Баркир «Obsession», ки дар он нақшҳои асосиро Инди Наваррет ва Майкл Ҷонстон бозидаанд, дар намоиши ҷаҳонӣ бо буҷети ночиз – 750 ҳазор доллари ИМА, беш аз ним миллиард доллар ($513 миллиону 840 ҳазору 715) ҷамъ овард.

Қобили зикр аст, ки филм на танҳо ба тамошобинон, балки мунаққидон низ хуш омад. Масалан, рейтинги баҳои он дар сомонаи тақризнависони Rotten Tomatoes (ИМА) 93 дарсадро ташкил медиҳад.

Бартар аз ин, коргардони шуҳратёри олам Стивен Спилберг, Пол Томас Андерсон ва Кристофер Нолан ба филми «Obsession» баҳои баланд доданд.

Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО

ТӮБЕ, КИ БО 3,35 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА ФУРӮХТА ШУД

Тӯби футболи бозии чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Англия (2:1), ки Диего Марадона дар он голи маъруфи «Дасти Худо»-ро ба самар расонда буд, дар музояда ба маблағи 3,35 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд.

Нархи ибтидоии тӯби таърихӣ 2,5 миллион доллар муайян гашта буд. Марадона бо ҳамин тӯб голи баҳсбарангези худро бо даст ба ҳадаф расонд ва пас аз чор дақиқа голи дигарро низ бо як гузариши таъсирбахши инфиродӣ зад.

Либоси варзишии Марадона аз ҳамон бозӣ соли 2022 ба маблағи 9,3 миллион доллар фурӯхта шуда буд.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ

ҲОДИСАҲОИ ҒАЙРИОДӢ ДАР ТАЪРИХ ВА ТАБИАТ

3. Борони моҳӣ дар шаҳри Йоро (Ҳондурас)


Ҳар сол баъд аз боронҳои сахт дар баъзе минтақаҳои Ҳондурас мардум моҳии зиёдро дар замин пайдо мекунанд. Ин падидаи табиии нодир бо номи «Lluvia de Peces» (борони моҳӣ) маъруф аст.

Шоҳидон мегӯянд, ки баъди тӯфонҳо садҳо моҳии хурд дар кӯчаҳо ва саҳроҳо пайдо мешаванд. Олимон чунин андеша доранд, ки эҳтимол гирдбодҳои обӣ моҳиҳоро аз рӯдҳо ё баҳр бардошта, ба ҷойи дигар интиқол медиҳанд.

Ин падида ҳар сол диққати сайёҳонро ҷалб мекунад. Гарчанде мардум онро муъҷиза мешуморанд, илм онро ҳамчун падидаи нодири метеорологӣ шарҳ медиҳад.


Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ФУТБОЛ

10 бозии дорои бештарин шумораи тамошобинон дар майдон


1. Уругвай – Бразилия (16-уми июли соли 1950, финали Ҷоми ҷаҳон, варзишгоҳи «Маракана», Рио-де-Жанейро) – 199 854 тамошобин

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 1950 нахус-тин мусобиқа пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ва аввалин мусобиқае буд, ки дар он бозии анъанавии ниҳоӣ (финал) дар шакли як бозии ягона баргузор нашуд. Ба ҷойи он, марҳалае бо номи «даври ниҳоӣ» бо иштироки чор даста – Бразилия, Уругвай, Шведсия ва Испания доир гардид. Бразилия дар гурӯҳ пешсаф буд, зеро пеш аз оғози даври ниҳоӣ се бозиро бо пирӯзӣ анҷом дод ва метавонист бо натиҷаи мусовӣ дар бозӣ муқобили Уругвай унвони қаҳрамониро ба даст орад. Ин бозӣ, ки бо номи «Мараканасо» маъруф шуд, ғайри интизор бо пирӯзии Уругвай бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

«Мараканасо» яке аз машҳуртарин шикастҳо дар таърихи футболи Бразилия дар назди қариб 200 ҳазор тамошобин ва яке аз бузургтарин пирӯзиҳои Уругвай ба шумор меравад.

Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ

Паканае, ки одами азимҷуссаи сайёра шуд

Соли 1917 Адам Райнери 18-сола бо қади ҳамагӣ 122-сантиметрӣ ба нуқтаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Австрия ҳозир шуд. Бо сабаби пакана буданаш табибон ӯро ба аскарӣ номуносиб донистанд.

Ғайричашмдошт ин мард баъд аз 20-солагӣ қад кашид, дасту пойҳояш босуръат калон шудан гирифтанд. Андозаи пойафзолаш аз 43 то ба 57 расид. То аввали солҳои 1930 қади Райнер тақрибан ба 216 – 218 см баробар гардид ва дар муддати кӯтоҳ аз қадпасттарин марди олам ба як одами азимҷусса табдил ёфт. Аммо, ин тағйироти ҷисмонӣ ба саломатиаш беасар набуд.

Солҳои охири умраш Адам аксар вақт бистарӣ буд. Бо вуҷуди ин, соли 1950 қадаш ба 234 см расид.

Таҳияи З. РАҶАБ


ХОНА АЗ ШИНАҲОИ ИСТИФОДАШУДА

Идеяи аз шинаҳои куҳна сохтани чунин хонаҳоро меъмори амрикоӣ Майкл Рейнолдс солҳои 1970 пешниҳод кардааст. Ӯ дар наздикии шаҳри Таос, дар иёлати Ню-Мексико, ба бунёди чунин хонаҳо оғоз намуд.

Барои сохтани девор шинаҳои куҳнаи автомобилҳоро бо хок пур мекунанд ва сахт фишурда месозанд. Баъд аз болояшон гил ё андова мемоланд. Аз ин рӯ, вақте ба хона дохил мешавед, намебинед, ки деворҳо аз шина сохта шудаанд. Ин деворҳо хеле ғафс ва вазнин мешаванд. Бартарии онҳо дар он аст, ки гармиро муддати дароз нигоҳ медоранд.

Тирезаҳои калонро одатан ба тарафи ҷануб месозанд. Бо ин роҳ, дар фасли зимистон нури Офтоб ба хона бештар медарояд ва онро гарм мекунад. Дар тобистон бошад, соябонҳо ва тарзи дурусти сохтмони хона намегузоранд, ки дохили он аз ҳад зиёд гарм шавад.

Мақсади асосӣ ин аст, ки хона то ҳадди имкон худашро бо барқ, об ва гармӣ таъмин кунад ва ба шабакаҳои одии барқ ва об камтар вобаста бошад. Аммо барои сохтмони он чӯб, шиша, маводи гарминигоҳдор, маводи зиддинамӣ, сақфи металлӣ ва таҷҳизоти гуногуни муҳандисӣ низ лозиманд.


Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


7 КӮЛИ ҲАФТКӮЛ

НОФИН

Нофин, сеюм кӯл аз силсилакӯлҳои Ҳафткӯл, дар миёни кӯҳсори зебои Фон ва водии дилрабои Шинги Панҷакент доман густурда, бо зебоии афсонавии худ дили ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро тасхир кардааст.

Нофин бо оби мусаффояш дар баландии 1820 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, гирду атрофашро бешазорону кӯҳҳои пур аз буттаву гулу гиёҳ зинат мебахшанд.

Кӯли Нофин дар баробари муъҷизаи табиат будан, инчунин, намунаи барҷастаи диёри зебову сайёҳии Тоҷикистон аст, ки ҳар нафар бояд ҳадди ақал як бор аз он дидан кунад.

Таҳияи Далер Иброҳим


РУЖА ИГНАТОВА ПУРАСРОРТАРИН ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХИ КРИПТОВАЛЮТА


Ружа бунёдгузори лоиҳаи “ОnеСоіn” буд, ки дар криптовалюта инқилоб кард. Ҳазорон нафар дар сартосари ҷаҳон ба он сармоягузорӣ намуда, ба ваъдаҳои фоидаи калон бовар карданд. Баъдтар, мақомоти Амрико “ОnеСоіn”-ро як нақшаи бузурги қаллобӣ донист, ки зарари он беш аз 4 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Моҳи октябри соли 2017-ум Игнатова ба хатсайри ҳавоии София – Афина нишасту нопадид шуд. Аз ҳамон вақт ӯ яке аз машҳуртарин фирориён дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва дар ҷустуҷӯйи ФБР қарор дорад. То ҳоло ҷойи будубоши ӯ дақиқ маълум нест.

Назарияҳо гуногунанд: аз зиндагӣ бо номи дигар то фарзияҳо дар бораи марги ӯ. Аммо ҷавоби тасдиқшуда вуҷуд надорад.


Таҳияи Муҳаммадамин ОДИНА