Тантана, шукӯҳу ҷалоли Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз қалби Тоҷикистон – Душанбеи ғарқи гул то саросари ҷаҳон рафт. Аз Лондон то Ню – Йорк, аз Ашхобод то Пекин, аз Москва то Минск ҳама аз роҳи дар давоми 35 сол тайкардаи Ватани азизамон гуфтанд. Ин шаҳомат тавассути воситаҳои ахбори омма боз ба гӯши миллионҳо нафар расид.
ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР “EVRONEWS”
Сомонаи “Evronews” оид ба роҳи тайкардаи Тоҷикистон давоми ин солҳо ва нигоҳе ба оянда маводи муфассале нашр кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки бо гузашти 35 сол аз истиқлол ва барқарор гардидани сулҳу суботи пойдор, Тоҷикистон бештар ба ҳамкориҳои байналмилалӣ рӯ меорад. Ҳоло дар кишвар ба ҳалли масоили муҳими ҷаҳони муосир, аз қабили таҳкими сулҳ, дастрасии аҳолии сайёра ба оби тоза, тағйирёбии иқлим ва рақамикунонӣ диққати махсус медиҳанд.
Рӯзноманигор дар робита ба ду ташаббуси ахири кишвари мо – эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027–2036 ва Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ба чунин хулоса расидааст: "Дар маҷмуъ, ин ду ташаббус нишон медиҳанд, ки чи гуна Тоҷикистон талош дорад, ҳамкориро бо ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти муштарак, аз қабили таҳаввулоти рақамӣ ва рушди устувор ба хотири ҳифз ва шукуфоии наслҳои оянда, ба роҳ монад".
Бо зикри нооромиҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ва даст ёфтани кишвар ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997 ин нукта таъкид мешавад, ки аз замони ба даст овардани истиқлол, Тоҷикистон инфрасохторро барқарор, шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётиро васеъ ва соҳаҳои маорифу хизматрасонии иҷтимоиро рушд дод, ҳамзамон, робитаҳоро бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон тақвият бахшид.
Ҷолиб ин аст, ки дар зерсарлавҳае таҳти унвони “Об, дипломатия ва рушди устувор” зарфиятҳои кишвари мо номбар мегардад. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби ширин дар Осиёи Марказӣ ҳастанд, ба сифати яке аз дороиҳои кишвар ёд мешаванд. Ҳамзамон, аз иқтидори НБО “Роғун” сухан меравад, ки амнияти энергетикии кишварро таъмин ва барои тақвияти робитаҳои минтақавӣ мусоидат менамояд.
ОЯНДАБИНИИ ПРЕЗИДЕНТ НИГОҲИ МИЛЛАТРО БА ФАРДО ДИГАР КАРД
Сомонаи «News Central Asia» ба дирӯзу имрӯз ва фардои Тоҷикистон мурур мекунад, ки бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва ҷуғрофиро ба мерос гирифт. Имрӯз бошад, бо иқтисоди муосиру рушдёбанда ва мутобиқ ба уфуқҳои нави технологӣ устуворона пеш меравад.
"Меъмори асосии ин субот ва пешрафт Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар солҳои аввали пурталотуми давлатдорӣ, биниши муттаҳидкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишварро аз мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мавҷуда муваффақона баровард. Ҳоло Тоҷикистон модели беназири иқтисодиро татбиқ мекунад. Ояндабинии Президент нигоҳи миллатро ба фардо дигар кард".
Дар нашрияи иттилоотӣ-таҳлилии “Набзи Авруосиё” ба суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ мароқ зоҳир гардида, бо чанд иқтибос аз нутқи Сарвари давлат ин гузориш такмилу нишонрас шудааст.
Дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла оҷонсиҳои иттилоотии “Анадолу”, ТАСС, “Рамблер”, сомонаи “Мир 24” дар такя ба чорабиниҳое, ки дар пойтахти мамлакат гузаштанд, хабару гузоришҳои ҷолиб нашр кардаанд. Ҳамин тариқ, оҳанги истиқлоли мо басо мутантан ба гӯши мардуми ҷаҳон расид.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”