Баргашт Чоп кардан

XX БОЗИҲОИ ОСИЁ. ОҒОЗИ БОЗИҲОИ МАҶМУӢ ДАР АЙЧИ-НАГАЯ


19-уми сентябр дар варзишгоҳи Мизуҳои шаҳри Нагаяи Ҷопон маросими ифтитоҳи 20-ум даври Бозиҳои Осиё доир гашт, ки дар он ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 103 нафар ширкат дорад.
Дар маросим Императори Ҷопон Наруҳито, инчунин, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри иштирок карданд.
Президенти Шурои олимпии Осиё Шайх Ҷоан ибни Ҳамад оли Сонӣ гуфт: «Он чизе, ки мо дар рӯзҳои оянда хоҳем дид, моро руҳбаланд мекунад. Он ба мо таъсир хоҳад расонд ва ба мо хотиррасон мекунад, ки вақте барои Осиё муттаҳид мешавем, ба чӣ қодир ҳастем».
Ҷопон сеюмин маротиба аст, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад. Пеш аз ин, Токио соли 1958 ва Ҳирошима соли 1994 мизбони ин мусобиқаи бузурги қоравӣ буданд.
Дар XX Бозиҳои Осиё ҳудуди 11 ҳазор варзишгар аз 45 кумитаи миллии олимпӣ иштирок мекунад. Онҳо дар 43 намуди варзиш барои 469 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд кард.
Дар рӯзи якуми Бозиҳо варзишгари мо Махсатулло Муъминов аввалин медали Тоҷикистонро ба даст овард. Махсатулло дар мусобиқаи карате-до WKF, дар вазни -55 кг, ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид. Дар мубориза барои ҷойи сеюм ӯ бар намояндаи Индонезия зафар ёфт.
Ёдрас мекунем, ки Махсатулло Муъминов чанде пеш дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ки дар давлати Урдун доир гашт, сазовори медали тилло гашт.
Варзишгарони мо дар намуди санъати муҳорибаҳои омехта маҳорати баланд нишон дода, Беҳрӯз Хуршедзода (-71 кг), Мирзобек Умаров (-60 кг) ва Отабек Раҷабов (-65 кг) ба финал роҳ ёфтанд. Муҳорибаҳои финалӣ 22-юми сентябр доир мегарданд.


САМБО. 8 МЕДАЛИ САМБОЧИЁНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ҶАҲОН
19-20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бори дуюм Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар мусобиқа 250 варзишгар аз 16 кишвар иштирок карда, дар се равия – самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо миёни нобиноён (SVI1), барои медалҳо мубориза бурданд.
Самбочиёни мо дар мусобиқаи хонагӣ сазовори 8 медал – 2 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гаштанд. Медалҳои тиллоро Анӯшервон Назарзода (-58 кг) дар самбои варзишӣ, Рамазон Ҷумъаев (-88 кг) дар самбои размӣ ба даст оварданд. Шоҳрух Назаров (-79 кг) ва Раҷаб Ҳусейнов (-98 кг) миёни нобониён ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд. Медалҳои биринҷӣ насиби Комроншоҳ Устопириён (-98 кг) дар самбои варзишӣ, Сиёвуш Солиҳов (-58 кг), Беҳрӯз Ҳалимов (-71 кг), Баҳромҷон Имомзода (-98 кг) дар самбои размӣ гашт.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”