Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ. НАТИҶАҲОИ ЯК САФАРИ ПУРМАҲСУЛ Ё ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВ ДАР ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ДУ КИШВАР


Вобаста ба музаффариятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар мабнои сиёсати «дарҳои кушода» ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҷараён дорад, метавон ба чанд омили калидӣ ишора кард, ки дар ин миён сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Пешвои миллат ба кишварҳои хориҷӣ нақши авлавиятнок доранд. Агар дақиқтар гӯем, ҳар як сафари хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соири кишварҳои олам, равзанаи нави ҳамкориҳоро боз намуда, дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи мамлакати мо бо ҷаҳони берун нақши муассир мегузорад.
Тозатарин далели ин гуфтаҳо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея мебошад, ки бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» 15-уми сентябри соли ҷорӣ иттифоқ афтод ва ба тақвияти муносибатҳои ду кишвар такони нав бахшид.
Вобаста ба натиҷаҳои ин сафар дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва аҳамияти Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» мо аз коршиносони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ тавзеҳ хостем, ки дар ин бора Дилафрӯз Достиева, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти мазкур, андешаҳояшро чунин баён дошт:
– Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» (C5+1), ки имрӯз ба яке аз муҳимтарин қолабҳои муколамаи бисёрҷониба дар фазои АвруОсиё табдил ёфтааст, манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва рушди институтсионалиро ба чорчӯбаи ягона хоҳад овард. Аҳамияти ин формат танҳо дар шумораи вохӯриҳо ё сатҳи намояндагӣ ифода наёфта, балки дар он зоҳир мегардад, ки Ҳамоиши мазкур аз ибтидо ҳамчун воситаи асосии ҳуқуқии ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити тағйирёбии бунёди сохторҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, рақобати абарқудратҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои стратегӣ Ҳамоиши мазкур аҳамияти бештар касб менамояд. Барои кишварҳои минтақа он роҳи густариши шарикони хориҷӣ ва диверсификатсияи равобити байналмилалӣ буда, барои Ҷумҳурии Корея дар худ имконоти таҳкими мавқеи иқтисодӣ, дастрасӣ ба бозор, захираҳои энергетикӣ ва масирҳои нави транзитӣ ба шумор меравад. Аз нигоҳи таҳлилӣ, ин формат на танҳо ба ҳамкории дуҷониба, балки ба ташаккули ҳамкориҳои васеътари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи уқёнуси Ором мусоидат мекунад.
Нуктаи муҳими қобили таъкид ин аст, ки 16-уми сентябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид. Дар мулоқот масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки рушду тавсеаи робитаҳо бо Ҷумҳурии Корея яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зимни мулоқот Сарвари давлати мо ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон ишора намуда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон ва рушди муносибатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея”-ро муҳим арзёбӣ намуданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея бо имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар анҷом шуд, ки дар оянда ин ҳуҷҷатҳо метавонанд ҳамкориҳоро тақвият дода, уфуқҳои васеъро барои муносибатҳои дипломатии ҳар ду ҷониб боз намояд.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”